Фалакии Шервонӣ

(Тағйири масир аз Фалаки Шервонӣ)

Абунизом Муҳаммад Фалакии Шервонӣ (форсӣ: ابو النظام محمد فلکی شروانی‎; 1107, Шамохӣ1146, Шервон) — ҳаким, донишманд ва шоири форс-тоҷик.

Фалакии Шервонӣ
Таърихи таваллуд: 1107
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1146
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Номи ӯ Абунизом Муҳаммад, тахаллуси шоириаш Фалакӣ аст. Вай тақрибан соли 1108 дар қасабаи Шамохиӣ тобеи шаҳри Шервон ба дунё омада, аз хурдсолӣ дар шеъргӯӣ маҳорат зоҳир мекунад. Фалакӣ бисёр илмҳои замонашро аз худ мекунад, гуё оид ба илми нуҷум Китобе низ таълиф карда будааст, ӯ муддате дар дарбори шевоншоҳиҳо роҳ ёфта ва дере нагузашта ба гуноҳе айбдор карда шуда ба зиндони Шиброн партофта шуд. Шоир соли 1146 дар айни камолоти эҷодӣ вафот кардааст. Фалакӣ иборат аз ҳафт ҳазор байт девоне доштааст.

Наҷмуддин Абунизом шоири қасидасарои форсу тоҷик буда, роҷеъ ба соли таваллуди ӯ дар сарчашмаҳо маълумоте ҷой надорад. Соли вафоташро 1181 муқаррар кардаанд, Дар Шамоҳи ном мавзеъ таваллуд шудааст. Тахаллуси шоириаш Фалакӣ буда, ба илми нуҷум мароқи хос дошт. Дар дарбори Шервоншоҳон рӯз мегузаронид ва дар ситоишу васфи амирон қасидаҳои мадҳӣ мегуфт. Бо тӯҳмате ҳабс шуд ва пас аз наҷот дере нагузашта вафот кард.

Бино ба гуфти муҳаққиқон Фалаки Шервонӣ дар ҳаҷми 7000 байт девоне доштааст, вале аз он тақрибан 2000 боқӣ мондааст. Девонаш дорои қасоид , ғазал ва рубоиёт аст. Қасидаҳояш бештар мадҳӣ буда, дар онҳо ба суханороию лафзбозӣ диққат додаст. Ба қасидаҳояш мазмунҳои илмӣ ва истилоҳоти нуҷуми роҳ ёфтаанд. Дар эҷодиёти Фалаки Шервонӣ анъанаҳои сабки хуросонӣ бо сабки ироқӣ махлут шудааст.

Шоир дар истифода аз санъатҳои бадеӣ маҳорати комил дорад. Чунончи:

Гули симини маҳ бишкуфт чун з-абри сиёҳи шаб,
Ҳазорон қатраи борон бар ин нух сабзавор афтод.

Таъбири «бишкуфтани гули симини маҳ», ки тадоӣ аз ҳусну малоҳати моҳи пурра дорад ва баёни як манзараи зебоест, аз зарофати табъи шоир ва нигоҳи амиқи ӯ бар манозири табиат гувоҳӣ медиҳад. Шоир як лаҳзаи воқеияти зиндагиро, яъне лаҳзаи баъди боронро, ки абрҳо пароканда шуда, моҳ мебарояд, чунин зебо тасвир кардааст. Ё ҷои дигар мехонем:

Қамар дар қаҳкашон мурғест, к-аш дар ошёни шаб Ба гирди хирмани ӯ арзани зар бешумор афтод.

Дар ин байт шоир дар коргоҳи тахайюлоти хеш осмони пурситораро ба арзани зар монанд кардааст. Моҳ гӯё мурғест, ки аз ин неъмати худованди баҳравар аст.

Тасвири манозири табиат дар ашъори шуарои муомир ва классик мақоми аввалдараҷа дорад. Зеро шоир, ки хушачини гулистони маънист, ҳамеша аз тароват ва рангрезиҳои табиати афсункор баҳра мебарад ва акси онро дар чакидаҳои хомаи тахайюлаш мерезад. Мавзӯи тасвири табиат дар ашъори кулли шуаро муқаддам аст. Бинобар ин ин масъала дар эҷодиёти Фалакӣ низ ба зеботарин вуҷуҳот таҷаллӣ мекунад. Чунончи дар абёти мазкур мехонем:

Миёни шоҳидони боғ, эй сарви сихи, инак
Бунафша ходиме кажгардану нилишиор афтод.

Бунафша, ки як гулест, дар тасвири шоир тимсоли хосаеро касб намуда, ки баёнгари хусусият ва авзои он аст. Субҳ ин як лаҳзаи вокеияти зиндагӣ, лаҳзаи дамидани рӯшноӣ, яъне бартарии рушанӣ бар торикист. Аммо дар тасвири шоир субҳ чун хурусест, ки лаъл, яъне хуршед бар сар дорад:

Хуруси субҳ, агар аз лаъл тоҷе дорадаш бар сар,
Арӯси лоларо аз мушк холе бар узор афтод.

Ташбеҳи субҳ бар хурус бар ду ваҷҳ аст. Аввалан бар ваҷҳи он ки субҳ паёме аз рӯшноӣ ва сафо медиҳад. Яъне хабари расидани рушанӣ ва баромадани хуршедро мерасонад. Чунончи хурус вақти субҳ мардумонро аз ғафлат раҳоӣ мебахшад. Дуввум, бар ваҷҳи зоҳирӣ. Чун субҳ сафед аст ва бар тоқи сар хуршед дорад, хурус низ сафеду тоҷи сурх бар сараш аст.

Дар мисраи дуюми байти мазкур шоир аз лола арӯсе меофарад, ки бари рухсор холи сиёҳ дорад. Ин ҷо маҳорати шоири ва нигоҳи умқназари шоир бармеояд. Яъне шоир касест, ки аз хурдтарин аҷзо ва ночизтарин лаҳазоти зиндагӣ тимсоле ё тасвире меофарад, ки хонанда ҳамарӯза дар ҳаҷми фаъолияти хеш борҳо бар онҳо бархурд мекунад, аммо нодида мегузарад. Шоир онест, ки ҷузъияти зиндагиро бо тамоми шукуҳу тароват ва хосияташ пешоруи хананда боз мекунад. Расолати умр, ҳақиқати зиндагиро ошкор месозад. Ҳар нафаре, ки чунин масъулиятро ба душ дорад ва рамзу рози зиндагиро тавассути тарҳрезиҳои бадеӣ, бо зеботарин ва самимитарин вуҷуҳот баён месозад., шоир ном дорад.


Аз қасоид вироиш

Диҳад аз сабза орое чаман, к-у соядор афтод.
Чи шуришҳо, ки дар бозори гарми навбаҳор афтод.
Чу дил гул дид аз шоди даруни боғи ҷон бишкуфт,
Чу гул зар дид аз ханда синон ба рӯи хор афтод.
Миёни шоҳидони боғ, эй сарви сихи, инак
Бунафша ходиме кажгардану нилишиор афтод.
Хуруси субҳ, агар аз лаъл тоҷе дорадаш бар сар,
Арӯси лоларо аз мушк холе бар узор афтод.
Туро дар ғунча насрин асту бар барги суман сунбул,
Аз ин ғам лоларо аз бод дар сина губор афтод.
Ба қад чун сарви озодӣ дар оғушат аз он гирам,
Ки ин банда зи роҳи бӯса доим бар канор афтод.
Чаманро аз гулу булбул чу шуд баргу наво ҳосил,
Чу ман ӯро ҳавои мадҳи шоҳи комрон афтод.
Намакдони зар аз Моҳи ба сӯи Бара шуд моил,
Чу душ аз сакфи миноранг ташти зарнигор афтод.
Фалакро косаҳои нуқра дар дарёи кор афтод.
Дили даре сӯи лаб бар, ки боз он киштии зарин
Зи мавҷи тираи дарёи пурдур дар канор афтод,
Ба хишти хум иморат кун саводи қалъаи дилро
Ба хишти зари сурх аз бурҷи ин нили ҳисор афтод,
Гули симини мах бишкуфт чун з-абри сиёҳи шаб,
Ҳазорон қатраи борон бар ин нух сабзавор афтод.
Қамар дар қаҳкашон мурғест, к-аш дар ошёни шаб
Ба гирди хирмани ӯ арзани зар бешумор афтод.
Аз ин ҳузрои пурабхар чу шери чарх сар бар гард
Фалак минои пургаҳвар чу теғи шаҳриёр афтод.

Аз муқаттаот вироиш

Ба ду ҷазъи ту, ки бодоми сиёҳаш хоҳанд,
Ба ду чашми ту, ки ҷодуи табохаш хонанд.
Ба ду лаъли ту, ки болои нуҷумаш хонанд,
Ба ду зулфи ту, ки лолои сиёҳаш хонанд.
Ба ду унноб, ки сармояи шаҳду шакаранд,
Ба ду шамшод, ки пирояи моҳаш хонанд,
К-ахтарон дар шаби ҳаҷри руҳи ҷон афрӯз аст,
Бадрро чун маҳи наврӯз дутохаш хоҳанд.


Гарчи баъдфеъл аст душман, мафканаш,
К-у зи бад кирдори худ паст уфтад .
Ин суханро ёд кун, к-он пир гуфт:
Мастро мафкан, ки худ маст уфтад.

Эзоҳ вироиш