Фалсафаи таҳлилӣ (англ. Analytic philosophy) — мактабе фалсафист, ки дар оғози қарни бистум дар кишварҳои инглисизабон табдил ба мактаби ғолиб шуд. Имрӯза дар Биритониё ИМА, Конодо, Австралия, Зеландияи Нав ва Скандинавия бештар депортмонҳои донишгоҳии фалсафаи худро ба унвони депортмонҳои «фалсафаи таҳлилӣ» муаррифӣ мекунанд[1].

Фалсафаи таҳлилӣ як равияи фалсафаи муосири ингилисию амрикоист, ки таҳлили воситаҳои забонию мафҳумии маърифатиро вазифаи фалсафа медонад; як навъи неопозитивизм.

Равияҳои асосӣ вироиш

  • Фалсафаи таҳлили мантиқӣ, ки истилоҳҳои мантиқи риёзии муосирро ҳамчун воситаи таҳлил истифода мебарад. Ба он импиризми мантиқӣ (Р. Карнап, К. Гемпел, Ф. Франк) ва прагматизми мантиқӣ (У. Куайн, Н. Гудмеп) дохил мешаванд;
  • Фалсафаи забоншинохтӣ, ки моҳияти ҷаҳонбинии фалсафиро аз байн бурда, онро бо тадқиқоти мантиқӣ ё забоншинохтӣ иваз карданӣ мешавад.

Эзоҳ вироиш

  1. "Without exception, the best philosophy departments in the United States are dominated by analytic philosophy, and among the leading philosophers in the United States, all but a tiny handful would be classified as analytic philosophers.