Фаридуни Хуршед (тав. 19 декабри 1990 дар шаҳри Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — овозхони сурудҳои эстрадии тоҷик.

Фаридуни Хуршед
Фаридун
Таърихи таваллуд 19 декабр 1990(1990-12-19) (33 сол)
Зодгоҳ Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, навозанда

Зиндагинома вироиш

Фаридуни Хуршед 19 декабри соли 1990 дар шаҳри Кӯлоб, дар оилаи бастакор (композитор) таваллуд шудааст. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи иқтисодӣ таҳсил кардааст. Соли 2013 суруди «Э Мануелла»-ро бозхонӣ карда буд, ки ин боиси маъруфияташ байни ҳаводоронаш дар Тоҷикистон ва Россия гашт. Соли 2014 клипҳояш бо номҳои «Мерасад», «Ғами дил» сабт шуданд. Соли 2014 Фаридун бо гирифтани ҷоизаи «Big Apple Music Awards» дар шаҳри Ню Йорк, ИМА, дар номинатсияи «Кушодашавии сол» сазовор гардида буд. Пас аз як сол боз Фаридунро барои гирифтани ин ҷоизаи амрикои, ки аввалинбор дар Аврупо, шаҳри Ҳамбург баргузор гардид даъват карда буданд. Ғайр аз баҳои ҳакамон дар ин мусобиқаи мусиқӣ боз шумораи дискҳои сабти мусиқӣ ва маъруфияти овозхон дар интернет, шумораи клипҳо дар You Tube низ ба инобат гирифта мешаванд. Дар ин мусобиқаи мусиқӣ поп-овозхонҳо аз Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қафқоз ва кишварҳои Шарқи Наздик ширкат мекунанд. Фаридуни Хуршед соли 2015 ҷоизаи овозхони беҳтарини солро гирифт ва ҳамон сол дар шабакаи Tamoshow клипҳояш: «Шаби ҳиҷрон», «Ҳарфи дил», «Базми Арманӣ», «Тӯёна» ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамсараш Фарзонаи Хуршед мебошад. Тобистони соли 2015 духтаре бо номи Закия ва соли 2016 писаре бо номи Муҳаммад ба дунё овардаанд. Ҳамроҳи ҳамсараш Фарзонаи Хуршед дар мусобиқаи мусиқии «Big Apple Music Awards» иштирок карда, ҳарду соҳиби ҷоизаи овозхони беҳтарини сол дар Тоҷикистон гаштаанд.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш