Фарҳод Қобилович Зикриёев (10 августи 1940, деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт — 1 апрели 2015) — забоншинос, доктори илмҳои филологӣ (1987), профессор (1989). Аълочии маорифи ҳалқи ҶШС Тоҷикистон (1974), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001)[1]

Фарҳод Зикриёев
Фарҳод Қобилович Зикриёев
Таърихи таваллуд 10 август 1940(1940-08-10)
Зодгоҳ деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт ҶШС Тоҷикистон, СССР
Таърихи даргузашт 1 апрел 2015(2015-04-01) (74 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар Парчами Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Маъруф ба
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (1974), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника (2001), Ифтихорномаи Ҳукумати ҶТ (1997)

Зиндагинома вироиш

ДДОЛ ба номи С. М. Кировро хатм кардааст (1961). Ассистенти кафедраи забони тоҷикии ДДОЛ (1961-62), аспиранти ДДОД ба номи Т. Г. Шевченко (1962—1965), сармуаллим (1966—1969), мудири кафедраи забони тоҷикӣ (1970—1979), ходими калони илмӣ (1978—1981), дотсент (1981—1985), мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.1985), пас аз дифои рисолаи докторӣ (1987) профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, декани факултаи филологияи тоҷик (1994—1999), мудири кафедраи забони тоҷикӣ (1999—2001), директори маркази илмии тадқиқотии забоншиносӣ ва татбики Қонуни забон (2001). Аз соли 2001 ба ҳайси профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон фаъолият дошт. Фарҳод Қобилович Зикриёев 1 апрели 2015 аз олам даргузашт.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муаллифи беш аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, илмиву методӣ ва илмии оммабоб. Пажӯҳишоташ ба тадқиқи ҷумлаҳои мураккаби забони адабии ҳозираи тоҷик, инчунин масоили алоҳидаи вожашиносӣ, фразеология, услубшиносӣ, имлои забони тоҷикӣ ва усули таълим бахшида шудаанд. Мутахассиси соҳаи забоншиносии умумист. Муаллифи китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва бахшҳои алоҳидаи грамматикаи академии забони тоҷикӣ аст. Дар таҳриру мукарризии корҳои илмӣ ва илмиву методӣ хидмати арзишманде кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ 12 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Узви Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ назди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиети АИ ҶТ.[2]

Ҷоизаҳо вироиш

Аълочии маорифи ҳалқи ҶШС Тоҷикистон (1974), барандаи Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника. Бо ифтихорномаи Ҳукумати ҶТ сарфароз гардонида шудааст (1997).

Осор вироиш

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 2. -Д., 1986; Қисми 3. — Душанбе, 1989 (бо ҳаммуаллиф);
  • Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 2. Синтаксис барои мактабҳои олӣ. — Душанбе, 1995 (бо ҳаммуаллиф);
  • Ҷумлаҳои пайрави тарзи амал ва монандӣ дар забони адабии тоҷик. — Душанбе, 1976;
  • Структурно-семантические особенности таджикского паратаксиса. — Душанбе, 1986.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳои беруна вироиш