Филармонияи давлатии Тоҷикистон

Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев — муассисаи давлатӣ, ҳайати эҷодиест, ки дар заминаи дастаи ҳунарпешагони Театри мусиқии тоҷик, ҳайатҳои ҳунарии касбии ҳаваскор, инчунин сарояндагону раққосони маъруфи ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон бо мақсади инкишофи ояндаи ҳунари мусиқии тоҷик 13 августи 1937 таъсис ёфтааст. Дар хиёбони Абуалӣ ибни Сино, дар бинои собиқ Қасри Иттифоқҳои касаба ҷойгир аст[1].

Филармонияи давлатии Тоҷикистон
Таърихи таъсис 31 август 1937
Нигора
Номида ба шарафи Акашариф Ҷӯра
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Душанбе
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон

Таърих вироиш

Муассиса ҳамчун Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ дар соли 1938 таъсис ёфт[2]. Солҳои аввал дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон дастаҳои зерин ташкил ёфтанд[1]:

  • Оркестри созҳои халқӣ (1938, иборат аз 36 навозанда таҳти роҳбарии оҳангсозон А. Ленский ва А. Камолов, ташаббускорон А. Ленский, З. Шаҳидӣ, Ф. Солиев, Н. Пӯлодов);
  • Ансамбли тарона ва рақс (1939, дар ҳайати 16, баъдтар 40 нафар сарояндаву раққос, инчунин созандагон таҳти роҳбарии Н. Пӯлодов);
  • Ансамбли бонувони рубобнавоз (1940, иборат аз 28 нафар сарояндаву раққос ва навозандагон таҳти роҳбарии А. Ёрмуҳаммадов ва Ҳ. Назаров);
  • Ансамбли этнографии Помир (иборат аз 45 сарояндаву раққос ва навозандагон таҳти роҳбарии Ғ. Ғуломалиев) ва Ансамбли бачагонаи тарона ва рақси Помир (иборат аз 45 ҳунарпеша бо роҳбарии В. С. Смирнов, ташаббускорон Ф. Солиев ва Р. Узоқов).

Аввалин сарояндагони Ансамбли бонувони рубобнавоз И. Ҷӯраева, хоҳарон У. ва А. Убайдуллоеваҳо, С. ва Р. Бободӯстоваҳо, Р. Арслонова, Э. Ҷӯраева, Т. Султонова, Н. Худойдодова, Р. Сулаймонова, П. Раҷабова. Н. Солиева ва дигарон буданд. Ин ансамбл баъдан «Чаман» ном гирифт. Дар ҳайати нахустин Ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон Ҷӯраев Ф. Ш., Тӯхтаев С., Мавлонов М., Ҳомидов А., Тилоев Р. ва дигарон буданд.

Баъди соли 1941 ин ансамбл ба чанд даста ҷудо карда шуд. Ба гурӯҳи ҳунарпешагони кӯҳистон А. Ҷӯраев роҳбарӣ мекард. Сарвари гурӯҳи ҳофизону мутрибони ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон М. Ҳомидов буд. Ба дастаи ҳофизони шашмақомхон М. Мӯъминов роҳбарӣ мекард. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавзӯи эҷодиёти дастаҳои ҳунарии ин боргоҳи ҳунар ғанию рангинтар гардида, дар онҳо бештар ҳис сиёти ватандӯстию қаҳрамонӣ ба назар мерасанд. Як гурӯҳ ҳунарпешагони Ф. — А. Носирова, Д. Назаров, М. Зиёев, А. Камолов ва дигарон ҳамроҳи бригадаи махсуси фронтӣ ба ҷанг рафтанд. Гурӯҳи дигар ба гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба сафари ҳунарӣ баромаданд. Ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ширкатдори Даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1941, 1949, 1957, 1967, 1977), Даҳаи мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек, 1942) мебошанд. Ансамблҳои бонувони рубобнавоз ва тарона ва рақси Помир ширкатдор ва барандаи Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар Маскав (1957) буданд. Гурӯҳи калони ҳунарпешагони Ф. дар Даҳаҳои маданияти тоҷик (1968-70) дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Литва ва дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ширкат намуданд.

Таъсиси Оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1965) дар инкишофи санъати мусиқии ҷумҳурӣ саҳифаи нав кушод. Ин оркестр ба тарғиби асарҳои оҳангсозони классикии ҷаҳонӣ, рус ва тоҷик мусоидат намуд. Дар рушди ҳунари мусиқию хореографии дастаҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон оҳангсозон А. Ленский, С. Баласанян, З. Шаҳидӣ, Ф. Солиев, Н. Пӯлодов, А. Камолов, Ш. Сайфиддинов, Я. Сабзанов, А. Ҷӯраев, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов, М. Баҳодуров, А. Назриев, А. Ҳомидов, А. Абдуллоев, Н. Аминов, Б. Файзуллоев, устодони рақс Ғ. Валаматзода, А. Азимова, А. Протсенко, Г. Мирҷумъаева, сарояндагон А. Бобоқулов, Ҷ. Муродов, Ш. Муллоҷонова, Зафар Нозимов, А. Шодиев, Х. Зарифов, П. Қосимов, М. Боқиева, М. Насриддинов, Хосияти Зарафшонӣ ва дигарон, ширинкорон У. Машрабов, М. Паллаев, раққосон, А. Носирова, З. Каримова, М. Каримова, А. Абдуллоева, М. Исломов, К. Набиев ва дигарон саҳм гузоштаанд[1].

Ҳайати феълӣ вироиш

Дар ҳайати Филармонияи давлатии Тоҷикистон айни замон дастаҳои ҳунарии зерин фаъолият доранд:

  1. Ансамбли тарона ва рақс — роҳбар Абдумаҷид Бердиев.
  2. Ансамбли бонувони рубобӣ «Чаман» — роҳбар Ҳаётой Мӯминова.
  3. Ансамбли «Шашмақом» — роҳбар Хурсандмурод Зарифов.
  4. Оркестри созҳои миллӣ — сардирижёр Давлат Қурбон.
  5. Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина» — роҳбар Файзигул Юсуфова.
  6. Хори камеравӣ — роҳбар Елена Тиллоева.
  7. Ансамбли «Меҳтариён» — роҳбар Расул Юсуфов.
  8. Ансамбли камеравӣ — роҳбар Шариф Бедаков.[3]

Директорон вироиш

Баротов (1939), Загорянский (1939—1946), Грубин (1946), Илевский (1946), Рабиев (1947), Абдуллоев (1948—1950), Арзов (1950—1955), Ғаффор Валаматзода (1955—1967), Н. Иргашев (1968—1970), К. Саидов (1970—1973), Алиризо Раҳмонқулов (1973—1981), Ю. Х. Калонов (1981—1983), У. Х. Содиқов (1983—1995), Н. А. Ҳасанов (1995—1997), М. Нуров (2000—2011), Саидбухорӣ Маҷидов (2012—2014), Афзалшоҳ Шодиев (2014—2020), Кароматулло Раҳимов (2020—2023).

Аз моҳи сентябри соли 2023 Бахтовар Раҳмонзода директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъйин шудааст[4].

Сафарҳои ҳунарӣ вироиш

Ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҷашнҳои миллӣ фаъолона иштирок менамоянд, мунтазам ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафарҳои ҳунарӣ мебароянд, дар толорҳои консертии шаҳри Душанбе консертҳои эҷодии худро манзури шаҳрвандон мегардонанд. Дастаҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба бисёр кишварҳои ИДМ ва мамлакатҳои хориҷӣ — Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Арабистон, Туркия, Канада, ИМА, Австрия, Ҷопон, Сурия, Ироқ, Тайланд, Белгия, Исландия, Булғория, Олмон, Муғулистон, Чехословакия, Хитой, Вйетнам ва ғайра сафар кардаанд.

Ҷоизаҳо вироиш

Филармонияи давлатии Тоҷикистон барои рушди ҳунари мусиқии тоҷик бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1941) қадр шудаааст[2].

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 Филармонияи давлатии Тоҷикистон // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 635—636. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  2. 2.0 2.1 Филармонияи давлатии Тоҷикистон / Б. Абдураҳмонов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  3. Филармонияи давлатии Тоҷикистон. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 марти 2017.
  4. Мирсаид Сатториён. Падари Ситораи Кароматуллоро ба кори дигар гузарониданд(тоҷ.). oila.tj. Оила (19 сентябри 2023). 8 феврали 2024 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Роҳнамо (маълумотнома). Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2010