Фирӯз Ӯлмасов – мусиқишинос, номзади илмҳои санъатшиносӣ (1986).

Фирӯз Ӯлмасов
Фирӯз Абдушукурович Ӯлмасов
Таърихи таваллуд 1955(1955)
Зодгоҳ Душанбе
Дараҷаи илмӣ: номзади илм

Зиндагинома вироиш

Фирӯз Ӯлмасов маълумоти касбии мусиқиро (бо тахассуси фортепиано) солҳои 1973– 1978 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода гирифтааст. Дар кафедраҳои фортепианои махсус ва ансамбли камеравӣ (1978– 1979; 1981– 1982) Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор кардааст. Солҳои 1982 – 1985 дар аспирантураи Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А.Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, солҳои 1985 – 1993 боз ҳамчун омӯзгори институти санъат, аз соли 1988 – дар кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Шарқ, 1993– 1996 – Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. (Хуҷанд), Баъди табдил додани ин Академия ба факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, ба ҳайси ноиби президент фаъолият мебарад. Ф. Ӯлмасов ҳанӯз солҳои аввали 90-ум дар Иттифоқи композиторон ба ҳайси раиси комиссияи мусиқишиносӣ ва танқиди мусиқӣ, узви раёсат фаъол буд. Баъди кор дар Академияи мусиқӣ ва бозгашт ба шаҳри Душанбе як муддат дар соҳаҳои гуногуни берун аз мусиқӣ (1996– 1999 – Маркази итилоотии патентии ҶТ) кор кардааст. Аз соли 1999 тадриҷан ба кор ба шуъбаи таърихи фарҳанг ва санъати Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А.Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешавад. Соли 2007 - 2011 ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ ва муносибатҳои байналмилалии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов буд. Солҳои 2011-2015 ба ҳайси мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги ҶТ фаъолият мекард.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Фаъолияти илмии Фирӯз Ӯлмасов ба таҳқиқи масъалаҳои таърих ва назарияи мусиқии тоҷик, назарияи монодии Шарқ, ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои иҷтимоии марбут ба рушди санъати мусиқии касбии Тоҷикистон алоқаманд мебошад. Рағбатҳои таҳқиқотии вай асосан ба ду самти илмӣ равона карда шудаанд: а) назарияи монодияи шарқӣ; б) эҷодиёти композиторони тоҷик дар алоқамандӣ бо омӯзиши осори онҳо. Ф. Ӯлмасов. дар симпозиуму конференсияу семинарҳои байналмилалӣ (Душанбе, Самарқанд, Санкт-Петербург, Боку, Тошканд, Алмаато, Бишкек, Москва) иштирок кардааст. ӯ яке аз аъзои гурӯҳи ташаббускорону созмондиҳандаҳои форумҳои байналмилалӣ бахшида ба 1400-солагии Борбад (1990), эҷодиёти композиторони ҷавон (1990), «Проблемаҳои методологии шарқшиносии мусиқӣ» (1991), «Фарҳанги мусиқии тоҷик дар ибтидои асри XXI: афзалиятҳои рушд» (1999), «Аржанг» (2002), «Фалак» (2004), санъати мусиқии касбии Осиёи Миёна (2007), оркестрҳои камеравӣ (2008), мусиқии фортепианӣ (2009), ҷаз (2009), инчунин ба ҳайси яке аз муҳаррир (ё мураттиб, ё муаллифи мақолае) дар маҷмӯаҳои «Страницы жизни и творчества»(1990), «Таджикское искусство», «Таджикская музыка» (2003), бахшида ба композиторон Д. Дӯстмуҳаммадов (2001), А. Солиев (2003), Ф. Солиев (2004) ширкат варзидааст.

Осор вироиш

  1. О генезисе восточной монодии. Хуҷанд,1994, 55 с.
  2. О сольном феномене восточной монодии. // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. Вып.1., Душанбе, 2001, С.307-333.
  3. Симфоническая музыка, Опера, Балет // Таджикская музыка. Душанбе, 2003, С.176-224; 239-250.
  4. О некоторых направлениях изучения и освоения Шашмакома // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. Вып.2. Душанбе, 2006, С.452 – 475.
  5. Композиторы Таджикистана: основные направления творчества // Камерная музыка: история жанра, исполнительства, интерпретации. Материалы международной научно-практической конференции. Алматы, 2010, С. 19-25.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c 220-222.