Барóграф (аз юн.-қад. βάρος «вазнинӣ, вазн» ва γράφω «менависам») ё барометрографасбоби худнавис барои муттасил ба қайд гирифтани фишори атмосферӣ.

Барограф.

Истифодабарӣ вироиш

Дар пойгоҳҳои бодуҳавошиносӣ (метеорологӣ), инчунин самолётҳо ва аэростатҳо барои бақайдгирии баландӣ (аз рӯйи тағйирёбии фишор) истифода мешавад.

Намудҳои барограф вироиш

Вобаста ба тарзи кор барографҳо анероидӣ ва симобӣ (вазнӣ ва шиноваракдор) мешаванд. Дар амалия барографҳои анероидие бештар маъмуланд, ки қисми қабулкунакашон аз якчанд қуттиҳои анероидии ба ҳам насбкардашуда иборат аст. Ҳангоми тағйир ёфтани фишори атмосферӣ қуттиҳо фишурда ё васеъ мешаванд, ки дар натиҷаи ин сарпӯши онҳо боло ё поён мешавад. Ин ҷойивазкунӣ ба қалам таъсир намуда, он дар навори ба фишорҳо тақсимшуда хатти каҷро мекашад. 1мм-и он нисбати хатти амудӣ ба 1 мбар (1мбар = 100 н/м2) мувофиқат мекунад. Аз рӯйи вақти пурраи гардиши чарх барографҳо ба шабонарӯзӣ ва ҳафтагӣ ҷудо мешаванд. Кори барографро дар натиҷаи муқоисаи он бо барографи симобӣ назорат мекунанд. Барографи ҳассосияташ бузург микробарограф ном дорад, ки дар он тағйирёбии 0,1 мбар фишор ба 1–3 мм-и ҷойивазкунии амудии қалам мувофиқат мекунад.

Ҳамчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш