Фотиҳа (араб. الفاتحةОғозкунанда) — якумин сураи Қуръон. Сураи «Фотиҳа» маккӣ ва дорои 7 оят аст. Аз ҷиҳати тартиби нозилшавии оёт панҷумин мебошад. Аввалин сураи ҷузъи якуми Қуръон аст.

Сура —
Маънои ном Оғозкунанда
Номҳои дигар «Ҳамд», «Салот», «Воқия» [1]
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Тартиби нозил 5
Омор
Рақами сура 1
Шумораи оятҳо 7
Ҷузъ 1
Ҳизб 1
Шумораи рукӯъ 1
Шумораи калима 29
Шумораи ҳарф 139
Сураи гузашта
Сураи раванд Сураи Бақара
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Сабаби «Фотиҳа» ном гирифтани он вироиш

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки «Фотиҳа» ба маънои оғози ҳар чиз аст, ин сураро низ «Фотиҳатул-Китоб» номиданд, зеро Қуръон бо он ифтитоҳ шудааст. Аз тарафи дигар, ин аввалин сура аз Мусҳафи шариф аст, ки котибони Қуръон онро менависанд ва аввалин сура аз Китоби Маҷиди Илоҳӣ аст, ки хонанда онро тиловат мекунад, ҳар чанд аз назари тартиби нузули оёт, ин сура аввалин оёти нозилшудаи Қуръон нест.[1]

Дигар номҳо вироиш

Сураи «Фотиҳа» дувоздаҳ ном дорад, ки машҳуртарини онҳо се номи зер аст:

  • «Фотиҳатул-Китоб», «Уммул-Китоб» ва «Сабъул-масонӣ» (яъне ҳафт ояте, ки қироати онҳо дар намозҳо такрор мешавад).
  • Номҳои дигари машҳури он «Ҳамд», «Салот» ва «Воқия» (яъне нигоҳдоранда) мебошад.[1]

Фазоили сураи «Фотиҳа» вироиш

Дар фазилати ин сура ҳадисҳои зиёде ривоят шудааст. Аз он ҷумла, ҳадиси шарифи зайл ба ривояти Бухорӣ ва Аҳмад аз Абӯсаъид ибни Муъалло аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) ба ман фармуд: «Бидон, қабл аз он ки аз масҷид хориҷ шавӣ, туро аз бузургтарин сураи Қуръон огоҳ хоҳам сохт».

Абӯсаъид мегӯяд: «Расули Худо (с) дастамро гирифт ва ҳамин ки хостанд аз масҷид хориҷ шаванд, гуфтам: «Эй Расули Худо (с)! Магар шумо нагуфтед, ки туро аз бузургтарин сураи Қуръон огоҳ хоҳам сохт?». Фармуданд: «Оре! Бузургтарин сураи Қуръон

 الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ   ‎  

аст. Ин ҳамон «Сабъул-масонӣ» (ҳафт ояти такроршаванда) ва Қуръони азиме аст, ки ба ман дода шудааст».[1]

Роҳнамоӣ вироиш

Сураи «Фотиҳа» дарбаргирандаи маъонии Қуръон, муштамил бар усул ва фуруъи дин, дарбардорандаи усули ақида, ибодат ва шариат, раҳномойӣ ба сӯи дархости ҳидоят аз Раббул-ъоламин ва дархости барканор мондан аз роҳи мунҳарифон ва бероҳашудагон аст.[1]

Мундариҷа вироиш

  Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!   Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.   Бахшояндаи меҳрубон,   Фармонравои рӯзи ҷазо.   Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем.   Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:   роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаи, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.
 

Тафсир вироиш

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

Сураи қаблӣ: Сура 1Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Бақара