Франс Грилпарсер (олмонӣ: Franz Grillparzer; 15 январ 1791[1][2][3][…], Вена[4][5]21 январ 1872[1][2][3][…], Вена[4]) — шоир, яке аз асосгузорони драматургияи Австрия.

Франс Грилпарсер
олмонӣ: Franz Grillparzer
Таърихи таваллуд: 15 январ 1791(1791-01-15)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 21 январ 1872(1872-01-21)[1][2][3][…] (81 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, шоир, намоишноманавис, сиёсатмадор
Солҳои эҷод: 1811[6]1872[6]
Жанр: диром
Забони осор: олмонӣ[1][7]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
franzgrillparzer.at(олмонӣ)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Дар шаҳри Венаисми ҳуқуқро омӯхт. Ба кори давлат машғул буд, инчунин асарҳои бадеӣ эҷод мекард. Соли 1826 дар Порис бо И. В. Гёте, соли 1836 бо Л. Бёрнс, ки ба асари драмавии «Нахустмодар»-и ӯ (1817) баҳои баланд дода буд ва бо Ҳайне шинос шуд. Дӯсти Л. Бетховен буд. Дар асарҳояш низоми иртиҷоии феодалӣ — ҳукмронии канслер Меттернихро танқид мекард. Ин иқдомаш боиси аз сензура нагузаштан ва ё ба танқиди сахт дучор гардидани драмаҳояш шуданд (мазҳакаи «Вой бар ҳоли дурӯғгӯй» (1838). Дар давраи Инқилоби солҳои 1848-49-и Олмон ҷонибдори ҳукумат шуд. Ба қалами ӯ як силсила шеърҳои лирикӣ, аз ҷумла «Муноҷот ба Понта», (1835) ва ду новеллаи баландмазмун — «Дайри Сендомир» (1828) ва «Мутриби бенаво» (1847) тааллуқ доранд. Франс Грилпарсер шуҳрати худро, пеш аз ҳама, ба шарофати драмаҳояш ба даст овардааст; дар онҳо пайванди хушбинона ва босаодати махсуси классикӣ, романтикӣ ва вуқӯъгароӣ дида мешавад. Дар фоҷианомаи «Сафо» (1818) ба ҳам созгор наомадани санъат ва воқеият тасвир мешавад. Инчунин дар бораи саъю кӯшиши ба даст овардани ҳокимият, ишқи заминии инсонӣ, мазаммати иртиҷои динӣ драмаҳо эҷод кардааст.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 RKDartists (нидерл.)
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Грильпарцер Франц // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. 5.0 5.1 Wurzbach D. C. v. Grillparzer, Franz (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt habenWien: 1856. — Vol. 5. — S. 338.
  6. 6.0 6.1 RKDartists (нидерл.)
  7. CONOR.Sl

Адабиёт вироиш