Фурқат (Зокирҷон Холмуҳаммадов; 1858[1][2][3], Қӯқанд, Хонигарии Қӯқанд[4]1909[1][2][3], Yarkant County[d], Xinjiang Province[d][4]) — шоир, мутафаккир ва публисисти узбак.

Фурқат
Таърихи таваллуд: 1858[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1909[1][2][3]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: ӯзбекӣ

Зиндагинома вироиш

Дар мадрасаи Қӯқанд таҳсил намуда, забонҳои арабию форсӣ, назми классикии Шарқро омӯхтааст. Соли 1889 ба Тошканд рафта, бо тахаллуси Фарҳат шеър гуфтааст. Соли 1894 ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, нимҷазираи Балкан ва Ҳиндустон сафар кар ва оқибат дар Ёрканд (Қошғар), ҳозира Синтсзян Уйғури Ҷумҳурии Халқии Чин аз таъқибу аъёну ашроф паноҳ бурд.

Фурқат дар ғазалиёти ишқиаш қадри одамро баланд бардошта, сӯфигарию дунёбезориро маҳкум кардааст. Дар шеърҳои ҳаҷвиаш ҳарисии аъёну ашроф, саводогарон ва рӯҳониёнро фош намудааст. Фурқат дар шеърҳое, ки мазмуни иҷтимоӣ доранд, аз рӯзгори душвори халқи меҳнаткаш ба андеша рафта, бенизомии тартиботи ҷамъиятиро мазаммат намудааст. Фурқат ҳамчун роҳбари ҳаракати маорифпарварӣ дар нашъунамои кишвар ва зиёиёни он чӣ аҳамият доштани маданияти русто таъкид кардааст. Ғояҳои маорифпарварии Фурқат ва ҳамфикрону пайвравони ӯ дар инкишофи адабиёт, фалсафа ва педагоникаи ӯзбек ва мубориза ба муқобили урфу одатҳои манфури замони феодализм мақоми арзанда доранд. Фурқат яке аз асосгузорони рӯзноманигории ӯзбек ба шумор меравад. Ӯ чандин сол дар Туркистон вилоятининг газети (Газетаи вилоятии Туркистон, аз 1870 то 1917 чоп шудааст) ҳамкорӣ кардааст. Фурқат ба адабиёти классикии форс-тоҷик таваҷҷуҳи зиёд дошт ва дар жанрҳои ин адабиёт асарҳо офардидааст. Боре ба Хуҷанд омада, бо Тошхӯҷаи Асирӣ вохӯрдааст. Ба забони тоҷикӣ низ шеър гуфтааст (масалан, ғазале дар радифи нест). Чор дарвеҳ ва Нӯҳ манзар-ро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Swartz A. Open Library (ингл.) — 2007.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Faceted Application of Subject Terminology
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 MAK (лаҳ.)
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Фуркат // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт вироиш