Хайрулло Раҳимов (5 июни1925, деҳаи Кибил, Норак — 4 декабри 2010, Душанбе) — педагоги тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1970), профессор (2004).

Хайрулло Раҳимов
Хайрулло Раҳимов
Таърихи таваллуд 5 январ 1925(1925-01-05)
Зодгоҳ Норак, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 4 декабр 2010(2010-12-04) (85 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи омӯзгории ш. Бухоро
Ҷоизаҳо медали «Барои меҳнати шоён» (1946), нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984)

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1942—1948 муаллими ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Галаосёи вилояти Бухоро буд. Донишкадаи омӯзгории ш. Бухороро хатм кардааст. Солҳои 1962—1974 ҳамчун муаллим, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1974—1976 дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи марказии такмили ихтисоси муаллимон, 1976—1978 мудир ва муҳаррири қисмати педагогика, психология ва маорифи Энсиклопедияи Советии Тоҷик кор кардааст. Солҳои 1978—1981 дотсенти кафедраи педагогикаи донишкадаи омӯзгорӣ, 1981—1984 муаллими фанни педагогикаи Донишгоҳи Кобул буд. Солҳои 1984—2010 ҳамчун профессори кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Муаллифи 15 асар ва зиёда 100 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Бо медали «Барои меҳнати шоён» (1946), нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984), Ифтихорномаи Сафорати ИҶШС дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (1984), ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Осор вироиш

  • Педагогика, Д., 1997;
  • Педагогика, Д., 2000;
  • Гардиши айём, Д., 2003;
  • Ёдбуди омӯзгор, Д., 2003;
  • Методикаи корҳои тарбиявӣ, Д., 2005;
  • Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007;
  • Педагогика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007.

Пайвандҳо вироиш