Халилуллоҳ Халилӣ (форсӣ: خلیل‌الله خلیلی‎), машҳур ба Устод Халилӣ (форсӣ: استاد خلیلی‎; 1907[1][2][3], Кобул4 май 1987[1], Исломобод) — шоир, муаррих, филолог[4] ва давлатмарди аҳли Афғонистон.

Халилуллоҳ Халилӣ
форсӣ: خلیل‌الله خلیلی
Таърихи таваллуд: 1907[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 4 май 1987(1987-05-04)[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, устоди донишгоҳ, диплумот
Забони осор: форсӣ[1]

Зиндагинома вироиш

Халилуллоҳ Халилӣ дар соли 1907 мелодӣ (1286 хуршедӣ) дар Боғи Ҷаҳонорои Кобул мутаваллид шуд. Падараш Муҳаммадҳусайнхон Муставфиюлмамолик аз бузургони минтақаи Кӯҳистон дар шимоли Кобули ва вазири молияи аҳди амир Ҳабибуллоҳхон буд, ки пасонтар ба фармони Амонуллоҳхон ба дор овехта шуд[5].

Вай дар синни кӯдакӣ волидайнашро аз даст дод ва дарсро дар нимаи роҳ раҳо кард. Ӯ солҳо дар Кобул, Кӯҳистон ва Балх зист ва дар пустҳои асосии зиёде дар созмонҳои давлатии дохил ва хориҷи Афғонистон кор кард. Дар авоили даҳаи бисти хуршедӣ ба симмати муовини Донишгоҳи Кобул ба кор гумошта шуд[6]. Дар соли 1330 Риёсати мустақили матбуотро ба уҳда гирифт ва дар соли 1332 ба унвони мушовири олии салтанатӣ дар дарбори Муҳаммад Зоҳиршоҳ хидмат кард ва низ муддате намояндаи Маҷлис буд ва дар солҳои нахустини даҳаи 50 ба унвони сафири кабир муддате дар Арабистони Саудӣ ва сипас дар Ироқ машғул ба кор буд[7].

Ҷудоии маносиби иҷроӣ, мавқеъияте буд, ки Халилӣ дар олами адаб касб кард ва ба зудӣ номдортарин шоири Афғонистон бадал гашт[6].

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 https://pust.urbe.it/cgi-bin/koha/opac-authoritiesdetail.pl?marc=1&authid=79333
  3. 3.0 3.1 MAK (лаҳ.)
  4. Герасимова А. С. ХАЛИЛИ. bigenc.ru. Большая российская энциклопедия. Электронная версия (2017). 11 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 ноябри 2022.
  5. گرامیداشت صدمین سال تولد خلیل الله خلیلی در کابل. www.bbc.com. BBCPersian. 11 ноябри 2022 санҷида шуд.
  6. 6.0 6.1 سکوت در سالگرد خاموشی خليلی. www.bbc.com. BBCPersian. 11 ноябри 2022 санҷида шуд.
  7. L.R. Reddy, Inside Afghanistan: End of Taliban Era, APH Publishing Corporation, 2002, p. 74