Халифа (ар. خليفة‎‎ — ноиб, ҷойнишин) — лақаби подшоҳони ислом, ки ноиби Муҳаммади пайғамбар (с) ва пешвои мусулмонон маҳсуб мегаштанд, сардори давлати динию мусулмонӣ ё худ хилофат.

Таърих вироиш

Дар аҳди аввали ислом ва дар суннӣ сардори ҷамоаи мусулмонӣ баъзе вазифаҳои Муҳаммадро ба уҳда дошт. Ҳар як халифа бояд аз тарафи ҷамоа интихоб мешуд ва ҳаёти онро мувофиқи шариат ба роҳ мемояд. Чаҳор халифаи аввал — Абубакр, Умар, Усмон ва Алиро «Хулафои рошидин» меномидалд. Минбаъд сардори давлати Умавиён, Аббосиён ва Фотимиёнро низ халифа меномидагӣ шуданд.

Аз садаи X сар карда халифа фақат рӯҳонии ҷамоаи мусулмонӣ буд ва амалан ҳокимиятро дар даст надошт. Бо номи халифа сардори баъзе ҷараёнҳои динию ирфонӣ низ (масалан, хориҷия) машҳуранд. Муовини якуми шоҳаншоҳ, ки дар айни ҳол сардори тариқати динӣ дар аҳди Сафавия дар Эрон буд, «Халифатулхулафо» номида мешуд. Сардори баъзе равияҳои дарвешӣ, намояндаи шайхони тариқатро дар дигар шаҳрҳо низ халифа мегӯянд. Як қатор ҷараёнҳои сиёсии мусулмонии муосир (масалан «ихвонулмуслимин») таҷдиди вазифаи халифа ва хилофатро шарти барқарор намудани принсипҳои ҳақиқии исломӣ дар ҳаёти ҷамъият мешуморанд.

Дар равияи суннӣ унвони халифа бо имом ҳаммаъно буд, дар шиа унвони мазкур муродифи худро надорад. Дар садаи XVI салотини турк худро халифа меномиданд. Ин унвон то таназзули Империяи Усмония (соли 1924), вуҷуд дошт.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш