Хатна (лот. circumcisio, (ар. ختان‎), хатна (ар. ختنة‎), суннат — истилоҳоти исломӣ) — як навъ ҷарроҳист, ки дар мавриди он пӯсти сари олати таносулро бурида дур месозанд. Дар амалияи тиб одам бо мақсади табобати фимоз ва баъзан баланопостити музмин хатна карда мешавад.

Хатна бо мақсади табобати фимоз
Мавриде ки пӯсти сари олати таносулро бурида дур месозанд

Маросими динӣ вироиш

Дар дини ислом хатна қисмати Суннат-и пайғамбар Муҳаммад (с.а.с.), ва як навъ нишонаи итоату тобеъият ба дини ислом аст. Ҳоло мусулмонон бузаргтарин ҷомеаи диндорон мебошанд, ки маросими хатнасурро дар амал баҷо меоранд.[1]. Хатна шарти ҳатмии қабул ба дини ислом нест, ва шахсоне, ки дар калонсоли ба дини ислом имон овардаанд, иҷрои ҳамин амал шарт нест.[2].[3]

 
Хатна дар Туркманистон, соли 1870

Нигаред вироиш

Сарчашма вироиш

Эзоҳ вироиш