Хиёбони Рӯдакӣ — калонтарин хиёбони марказии шаҳри Душанбе мебошад, ки аз шимол то ҷануб дар масофаи 11 км тӯл кашидааст. Хиёбон аз макони воҳидҳои маъмурии ноҳияи Исмоилӣ сомонӣ ва ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мегузарад.

Хиёбони Рӯдакӣ, соли 2023

Дар ин хиёбон биноҳои маъмуриву фарҳангии зиёде ҷойгиранд, аз қабили бинои Ҳукумати шаҳри Душанбе, Майдони "Дӯстӣ" (собиқ майдони ба номи Ленин ва «Озодӣ»), Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, вазоратҳои саноат, корҳои хориҷӣ, кишоварзӣ, вокзали роҳи оҳани шаҳри Душанбе, бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бинои асосии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, якчанд театрҳо, гулгаштҳо ва дигарҳо ҷойгиранд.[1].

Муассисаҳои театрӣ вироиш

Боғу гулгаштҳо вироиш

Нигораҳои хиёбон вироиш

Эзоҳ вироиш