Хокбоди Афғон, шамоли ҷануби ғарбии маҳаллиест, ки дар болооби дарёи Аму мевазад. Суръати Хокбоди Афғон ба ҳисоби миёниа 17-25 м/c аст. Хокбоди афғон хеле бисёр чангу ғубор меорад, намии ҳаворо кам намуда, ба набототи маҳал зарар мерасонад. Дар Тирмиз ва ноҳияҳои атрофи он дар як сол 40-70 рӯз Хокбоди Афғон мевазад[1].

Дар Афғонистон ин хокбодро қаро-бурон ё боди шӯравӣ меноманд[2].


Эзоҳ вироиш

  1. Энциклопедияи Советии Тоҷик саҳ. 7., ҷилди 8, Душанбе 1988
  2. Аз Википедиаи русӣ