Хушкшӯӣ (форсӣ: خشک‌شویی‎), хушкашӯӣ — яке аз равишҳои шустушӯ ва пок кардани либос, бо буғ ва маводи кимиёӣ шустани либос[1].

Мошини замонавии хушкшӯӣ

Аз онҷо, ки дар ин равиш аз об истифода намешавад хушкшуӣ ном гирифтааст. Молекулаҳои об бисёр қутбӣ ҳастанд ва ҳангомӣ шустушӯ бо об бисёре аз торҳои порчаи обро ба худ ҷазб мекунанд ва аз шакл меафтанд. Ба хусус барои либосҳои дорои бофтҳои махлут монанди шиму костюм ва палто, шустушӯ бо об сабаби аз байн рафтани шакл ва ҳолати онҳо мешавад.

Равиши шустушӯ вироиш

Дар ин равиш либосҳоро даруни дастгоҳи махсусе қарор медиҳанд ва як маҳлули кимиёиро ба он изофа мекунанд. Пас аз тамом шудани муддати замони шустушӯ, вақте либосро аз дохили дастгоҳ берун меоваранд, ба таври комил хушк аст. Хушкшӯиҳо барои бардоштани доғи рӯи либосҳо аз усули азҳамҷудошавӣ истифода мекунанд. Ин кор дар ду марҳала анҷом мегирад, ибтидо доғ тавассути як ҷисми нармкунанда мулоим мешавад сипас бо фишори зиёд бардошта мешавад.

Эзоҳ вироиш

  1. Хушкашӯӣ чист? Маънои вожаи хушкашӯӣ(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 27 июли 2018 санҷида шуд.