Чарлз Нелсон Гудйир (англ. Charles Nelson Goodyear; 29 декабр 1800[1][2][3][…], Ню-Ҳейвен[d], Коннектикут1 июл 1860[1][2][4][…], Ню-Йорк, иёлати Ню-Йорк[5]) — ихтироъкори амрикоӣ, ки раванди вулканизатсияи каучукро кашф кардааст (1839).

Чарлз Гудйир
Сурат
Таърихи таваллуд 29 декабр 1800(1800-12-29)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1 июл 1860(1860-07-01)[1][2][4][…] (59 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша ихтироъкор, шимидон, муҳандис, тоҷир
Падар Amasa Goodyear, Sr.[d][6]
Модар Cynthia Goodyear[d][6]
Фарзанд Charles Goodyear Jr.[d] ва William Henry Goodyear[d]
Ҷоизаҳо
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Дар Филаделфия касби оҳангариро омӯхта (1814), сипас, ба назди хонаводааш баргашт (1921) ва бо истеҳсолу фурӯши маснуоти оҳангарӣ ва афзору асбоби соҳаи кишоварзӣ машғул шуд. Соли 1830 баъди муфлис шудани ширкат Чарлз Гудйир барои беҳтар намудани сифату хосиятҳои каучук (он солҳо маводди каучукӣ дар Аврупову Амрико хеле маъмул буд) таҳқиқот анҷом додааст. Ӯ бо истифодаи пайвастҳои кимиёӣ (магнезия, кислотаҳо, нитратҳои висмуту мис ва ғ.) санҷишҳои зиёд гузаронида (1839), муайян намуд, ки дар натиҷаи ба каучук илова намудани сулфур ва гарм кардан маводди чандиру устувор — резин ҳосил мешавад. Чарлз Гудйир шароитҳои раванди вулканизатсияи каучукро тавассути таҷрибаҳо муайян сохта, соли 1844 барои ин кашфиёташ патент гирифт. Дар натиҷаи кашфиёти Чарлз Гудйир дар охири солҳои 50 асри 19 корхонаҳои саноатии Аврупову Амрико дар як сол ба маблағи бештар аз 8 млн доллар маҳсулоти резинӣ мебароварданд.

Ҷоизаҳо вироиш

Соли 1855 ҳукумати Фаронса Чарлз Гудйирро бо ордени Легиони фахрӣ сарфароз гардонид. Соли 1898 дар ИМА ширкати азими истеҳсоли резин таъсис гардида, ба шарафи Чарлз Гудйир Coodyear Tyre and Rubber номгузорӣ шудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш