Чиштия (ар. جشتية‎, форсӣ: چشتیه‎) — як силсилаи тасаввуфро гӯянд, ки муассисаш Муинуддини Чиштӣ (а. 12) мебошад. Насабаш ба имоми ҳафтуми шиаҳои исноашарӣ Мусои Козим рафта мерасад. Дар ҷавонӣ ба тасаввуф гароида, ба Самарқанду Бухоро сафар кардааст. Баъд дар Бағдод тақрибан 20 сол хидмати яке аз суфиёни машҳур Хоҷа Усмони Ҳоруниро анҷом дода, аз ӯ хирқаи иродат пӯшидааст ва дар Ҳиндустон мактаби худро кушодааст.

Таълимот вироиш

Мувофиқи таълимоти чиштия чун Худо тамоми одамонро як хел офаридааст, онҳо бояд баробар зиндагӣ кунанд. Аз ин рӯ, ба доди дардмандон расидан, ҳоҷати бечорагонро баровардан ва гуруснагонро сер кардан беҳтарин рафтори инсон ба шумор меравад. Ба ақидаи чиштиён, худо шахсеро дӯст медорад, ки саховаташ мисли саховати дарё, шафоқаташ мисли шафоқати офтоб ва тавозӯаш мисли тавозуи замин бошад. Пайравони ин силсила зикрро зинаи асосии аҳволи сӯфӣ меҳисобанд.

Чун таълимоти чиштия баробарӣ ва фақрро тарғиб мекард, бештари заҳматкашону бенавоён ба ин силсила гароида буданд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

Пайвандҳо вироиш

  • Ambreesh Mishra. A matter of faith. Indiatoday.in. September 10, 2009.
  • Muneera Haeri. The Chishtis: A Living Light. Oxford University Press, 2000. Pages: 221.