Чой (чинӣ:  — «ча́» дар лаҳҷаҳои кантонӣ ва мандаринӣ, «те̂» дар амойӣ ва тайванӣ, ҷопонӣ: «тя») — нӯшокие ки, бо ҷӯшонидан ва ё нигоҳ доштани барги дарахти чой мебошад, намудҳо: чиннӣ, ассамӣ ва камбоҷӣ).

Чой
Чой

Тарзи тайёр кардани чой вироиш

Чой (чин. 茶 — «ча́» дар лаҳҷаҳои кантонӣ ва мандаринӣ, «те̂» дар амойӣ ва тайванӣ) — нӯшокие ки, бо ҷӯшонидан ва ё нигоҳ доштани барги дарахти чой мебошад, намудҳо: чиннӣ, ассамӣ ва камбоҷӣ). Худи ҳамон барг ҳам, ки барои тайёр намудани нушоки пешкаш карда мешавад, чой номида мешавад. Баъзан калимаи «чой» ро ба ҷои номи як намуди рустании Камелия ки яке аз оилаҳои рустаниҳои Чойи ба ҳисоб меравад, истифода мебаранд. Дар адабиёти илмии Ботаники чунин намуди рустаниро Камелияи Чинӣ низ меноманд (Camelia sinensis).

Парвариш ва ғунучин вироиш

Маҳсулоти хом барои истеҳсоли чой баргҳои бехи чой мебошанд, ки онро бо миқдори зиёд дар плантатсияҳои махсус парвариш мекунанд. Барои афзоишёбии ин рустани, иқлими гарм бо миқдори муйяни рутубати ба решаи онҳо халал намерасонида лозим аст. Бисёрии плантатсияҳои чой дар нишебии куҳҳо дар маҳалле, ки иқлими тропикӣ ва субтропикӣ дорад, ҷойгир шудаанд. Дар Чин, Ҳиндустон ва Африқо, ки миқдори зиёди чой истеҳсол карда мешавад, дар як сол то чор маротиба ғунучин амалӣ мегардад. Асосан ба ду ҳосили аввала сифати баланд дода мешавад. Парвариши чойро дар минтақаи шимолӣ иктисодиёт нишон дода аст, ки дар фаррохии Гурҷистон ва шаҳри Краснодари Русия амали мегардад. Дар фаррохии аз ин баладтар буттаи чой калонтар гардиданаш мумкин, вале дар вақти тайёркуни он ба зиёни бучаи истеҳсолкунанда оварда мерасонад.

Баргҳои чой дасти ҷамъ карда мешаванд ва ба навъҳо ҷудо мекунанд, барои чойе, ки навъи баланд (ва нархи баланд) доранд, муғчаи ношукуфта ва баргҳои ҷавон мечинанд, дар вақти ғунучини сеюм ва чорум чойи сифаташ каме пастарро, аз баргҳои расида яъне пухта тайёр мекунанд. Меҳнати чинакчиён ба қадри имкон мушкил ва дилгиркунанда, таносуби байни вазни чойи тайёршуда ва ашёи хоми гунучинкардашуда (буттаи барг) — 1/4 — ро ташкил медиҳад, ки ин маънои онро дорад, ки барои 1кг истеҳсоли чой бояд 4кг барг ғунучин кардан лозим аст. Меъёр ё миқдори муқарраршуда барои ғунучинкунандагон 30-35 кг барги чой дар як рӯз дар сурати зарурати риоя кардани стандарти сифат ва аз буттаҳо танҳо чидани баргҳои лозима мебошад. Маҳсулоти хом барои чойи сифаташон баланд дар плантатсияҳои на он қадар калон афзоиш шуда (масоҳати тақрибан 0,5 га), азбаски дар нишебии куҳҳо ноҳамвор ҷойгир шуданд, барои ғунучин зарурияти гузаришро аз як плантатсия ба плантатсияи дигар, дохил мекунанд. Плантатсияҳои хоҷагии муосирро аз рӯи қоида калон месозанд, барои таъмини пай дар пай ғунучинкуни ва болоравии истеҳсолот, барги ғуншудаи дар плантатсияи мазкур барои истеҳсолоти миқдори бисёри чой истифода мешавад.

Классификасияи чой вироиш

Инҷоро ҳам бингаред вироиш