Шариф Боқиевич Муллоеволим рӯзноманигор, доктори илмҳои филологӣ (2013), дотсент.

Шариф Муллоев
Шариф Боқиевич Муллоев
Шариф Боқиевич Муллоев
Шариф Боқиевич Муллоев
Таърихи таваллуд 7 январ 1965(1965-01-07) (59 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Масчоҳ
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Маъруф ба
Ҷоизаҳо Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Шариф Муллоев 7 январи соли 1965 дар деҳаи Худгифи Офтобрӯяи ноҳияи Масчоҳ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ дар бораи худ мегӯяд: «Солҳои бачагиам дар колхози ба номи Орҷоникидзе, минтақаи 1-уми ноҳияи Масчоҳ сипарӣ шудаанд. Соли 1972 таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами 10 оғоз намудам. Мактаби миёнаро соли 1982 бо муваффақият хатм кардам. Овони мактабхонӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, сипас пас аз анҷоми мактаби миёна хуҷҷатҳои хешро ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин супоридам, вале бахт омад накард, аз комиссияи мандатӣ нагузаштам. Пас аз он ба колхоз баргашта аз пайи кору зиндагӣ шудам. Вале, меҳри хонданро аз дил ҳеч наметавонистам фаромӯш намоям, пайваста китоб мехондам. Солҳои Шӯравӣ хидмат барои ҳар фард қарз буд ва ман низ соли 1983 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ даъват шудам. Қариб 6 моҳи пурра дар шаҳри Маскав хидмат намуда, сипас ба шаҳри Семипалатински қисмати шимолии Қазоқистон барои идомаи хидмат сафарбар шудам. Дар солҳои хидмат пайваста ба мутоилаи асарҳои адибони рус машғул будам. Соли 1985 хидмати Ватанро тамом намуда ба зодгоҳам баргаштам. Пас аз адои хидмат меҳри таҳсил дар мактаби олӣ дар замирам ҷӯш мезад, ба ҳамин манзур бори дигар бахтамро санҷидан хостам. Ҳуҷҷатхоямро ба ДДТ ба номи В.И.Ленин супоридам, ин дафъа низ бахт ба рӯям нахандид аз комиссияи мандатӣ нагузаштам. Ин ҳолат маро дилсард накард, соли 1986 ба шуъбаи тайёрии ДДО ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев, хуҷҷат супорида соҳиби унвони донишҷӯ гардидам. Касби пеша намудаам хело душвор буд ва дониши зиёдеро тақозо менамуд. Ҳангоми донишҷӯ будан дар факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳ танҳо ғайрату кӯшиш менамудам, ки касби пеша намудаамро бо ҳама нозукиҳояш фаро гирам. ДДО ба номи Қ.Ш.Ҷӯраевро соли 1992 бомуваффақият хатм намудам. Бо роҳхати роҳбарияти факултаи филологияи рус Тахохов Б.А. маро дар донишгоҳ ба ҳайси ассисенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷа қабул карданд. Бо азму талоши қавӣ ба донишҷӯён дарс мегуфтам. Соли 1996 ба аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон шомил шудам. Аз ҳамин давра сар карда дар кафедраи номбурдаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба сифати муаллим фаъолият менамоям. Соли 2002 рисолаи номзадиамро дифоъ намуда соҳиби унвони номзади илмҳои филология гаштам. Барои сайқал додани касби хеш ҳамеша бо мақолаҳои касбӣ- методӣ дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ баромад менамоям. Соли 2007 аъзои конфедератсияи журналистони Тоҷикистон шудам. Дар матбуот ҳамеша бо мақолаҳои доғи рӯз мавод ҷамъ менамудам. Соли 2009 соҳибунвони дотсенти кафедраи назария ва таърихи журналистика ва воситаҳои электронии ахбори ДСРТ гаштам».

Муллоев Шариф Боқиевич соли 2013 рисолаи докториро дифоъ намуд ва сазовори унвони доктори илмҳои филологӣ гардид. Аз соли 2014 ба ҳайси мудири кафедраи матбуоти чопӣ ва алоқа бо ҷомеа дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон фаъолият дорад.[1] Муллоев Шариф Боқиевич шахси накӯсиришт, хайрхоҳ ва ҳамеша некхоҳи халқ ва ҷамъият буда, номбурда шиори зиндагии хешро хидмат кардан ба халқу Ватан меангорад. Феълан Шариф Боқиевич ҳамасола бо ҳамроҳии донишҷӯён амалҳои нек ва хайрхоҳиро бо назари хоксорона анҷом медиҳанд. Оиладор соҳиби чор фарзанд, ду писар ва ду духтар.

Асарҳои илмии ба табъ расидаи Ш. Муллоев вироиш

Мақолаҳои илмӣ ва публисистии ӯ беш аз 100 аст.

  • Барнома ва усулҳои методи фанни «Таърихи журналистикаи тоҷик» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе, 2004;
  • Монография: Аҳмади Дониш ва маорифпарвари тоҷик дар охири асри XIX ва аввали асри ХХ. - Душанбе, 2005;
  • Барномаи фанни «Иқтисодиёт ва менеҷменти ВАО» барои донишҷӯёни бахши журналистикаи мактабҳои олӣ. - Душанбе, 2007. (бо ҳаммуаллиф);
  • Барномаи фанни «Журналистикаи муосири тоҷик» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе, 2009. (бо ҳаммуаллиф);
  • Васоити таълимии «Таърихи журналистикаи тоҷик» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе, 2009;
  • Усулҳои методии фанни «Гендер ва ВАО» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе, 2009. (бо ҳаммуаллиф);
  • Китоби дарсӣ «Таърихи журналистикаи тоҷик» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе,2009;
  • Китоби дарсӣ «Воситаҳои ахбори оммаи Эрон ва Афғонистон» барои донишҷӯёни бахши журналистика. -Душанбе,2010.(бо ҳаммуаллиф);
  • Китоби дарсӣ «Воситаҳои ахбори оммаи Қазоқистон» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе,2011. (бо ҳаммуаллиф);
  • Идейно-тематические особенности таджикской публицистики периода Великой Отечественной Войны.Монография. - Душанбе:РТСУ,2013.-155с.
  • История таджикской журналистики.Учебно-методическое пособие. - Душанбе:РТСУ,2014.-136с.(в соавторстве).
  • жанрово-тематическое своебразие таджикской публицистики времен ВОВ (1941-1945). -Душанбе:РТСУ,2015.-303с.

Адабиёт доир ба Шариф Муллоев вироиш

  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016.

Нигаред низ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

Манбаъ вироиш