Шарофиддин Комилов

Шарофиддин Комилов (Комилов Шарофиддин Ҷамолович; тав. 11 январи 1939, деҳаи Чиртак, ноҳияи Турсунзода) — иқтисодшиноси тоҷик.

Шарофиддин Комилов
Шарофиддин Ҷамолович Комилов
Таърихи таваллуд 11 январ 1939(1939-01-11) (85 сол)
Зодгоҳ деҳаи Чиртак ноҳияи Турсунзода
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома вироиш

Соли 1944 аҳли оилааш ба деҳаи Қаҳрамон, ноҳияи Ҳисор кӯчида омаданд. С.1957 техникуми молиявию қарзии ш. Сталинобод (Душанбе)-ро бо ихтисоси буҷаи давлатӣ ба итмом расонд. Мувофиқи тақсимот ба вазифаи саринспектори кассаи амонатгузории марказии ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ) таъйин шуд. Аз 18 окт. соли 1957 дар округи ҳарбии Туркманистон аввал Ҳисор 3000 сол радист, сипас дар қисми молиявии полки ҳарбӣ хидматро идома дода, дар давоми 3 соли хидмат аъзои суди ҳарбии гарнизони Тошканд интихоб шуд. С.1961 ба фак. иқтисодии УДТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз рӯйи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ дохил шуда, онро соли 1966 хатм намуд ва дар вазифаи ассистенти кафедраи баҳисобгирӣ ва омор ба кори омӯзгорӣ оғоз бахшид. Аз 1 дек. соли 1970 ба аспирантураи ҳадафии Академияи молиявии ш. Москва дохил шуда, дар мавзӯъи «Такмили баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолот ва муайян намудани арзиши аслии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ» рисолаи номзадиро ҳимоя намуд. С. 1974- 1994 аввал ассистент, сипас муаллими калон, дотсент ва баъдан, аз соли 1994 ба ҳайси мудири кафедраи аудит ва мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит то моҳи июни с. 2006 кор кард. Барои ҳаллу фасл намудани проблемаҳои соҳаи баҳисобгирӣ, таҳлили иқтисодӣ ва аудит зиёда аз 150 кори илмию тадқиқотӣ, китоби дарсию рисолаҳои таълимию методӣ таълиф намуд. Аз ҷумла, 2 монография ва 5 китоби дарсиро ба нашр расондааст. Аз соли 1970 то имрӯз дар конференсияҳои назариявию амалии ш. Москва, Ленинград (Санкт- Петербург), Киев, Одесса, Свердловск (Екатеренбург), Челябинс иштирок кардааст. С. 1996—1997 курси пурраи таҳсили забони англисиро хатм намуда, 2 моҳ дар Ирландия (Университети Голвей) аз такмили ихтисос гузаштааст. Ҳоло дар кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити фак. баҳисобгирию иқтисодӣ ва кафедраи криминалистика ва фаъолияти экпертизаи судии фак. ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад.

Ҷоизаҳо вироиш

дорандаи нишони «Аълочии макотиби олии СССР» (1990), ордени «Шараф» дараҷаи якум (1999), унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва гирандаи нафақаи шахсии аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.[1]

Сарчашма вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 302