Ширин Исматуллозода

Ширин Исматуллозода (Ҳаитова Ширин Исматуллоевна; 14 марти 1970, деҳаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — забоншинос, доктори илмҳои филология (2014), муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).

Ширин Исматуллозода
Ҳаитова Ширин Исматуллоевна
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 феврали 2020 — 3 ноябри 2020
Нахуствазир Қоҳир Расулзода
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Ҷонишин Матлубахон Сатториён
Таваллуд 14 март 1970(1970-03-14) (54 сол)
Ҳизб ҲХДТ
Таҳсилот Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои филология
Унвони илмӣ дотсент
Касб забоншинос

Зиндагинома вироиш

Соли 1992 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ро ва 2012 ғоибона факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамом карда дар солҳои 1994—1997 аспиранти ДМТ буд.

Фаъолияти корӣ вироиш

  • 1992—1994 — коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
  • 1997—2000 — ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
  • 2000—2006 — муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
  • 2006—2009 — муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон[1]
  • 2009—2012 — сардори Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • 2012—2014 — директори Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2014—2015 — муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
  • 2015—2020 — директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
  • 14 феврали 2020 — 3 ноябри 2020 — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон[2][3].

Фаъолияти илмӣ вироиш

Бобати хусусияти забонӣ ва корбурди истилоҳоти соҳавӣ дар асрҳои ХI—ХII, хусусияти лексикӣ-семантикии ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ таҳқиқот анҷом дода, дар таҳияи барномаи таълимии «Таърихи истилоҳоти тоҷик», «Луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти геологӣ» ва баргардони «Ғазалиёти Анварӣ» аз ҳуруфи форсӣ ба сириллик саҳм гузоштааст.

Осор вироиш

  • Лексическое особенности газелей Камола Худжанди. — Д., 2002;
  • Лингвистические и функциональные особенности отраслевой терминологии таджикского языка ХI — ХII вв: Дисс… доктора филол. наук. — Д., 2013.[4]

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш