Шоҳтут (лот. Mórus nígra) — як навъ тут. Асосан дар Закавказия ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, парвариш мекунанд. То 35 м қад мекашад. Барг ва шоху навдааш шираи сафед дорад. Гулаш майдаи дуҷинса, хӯшагулаш «гӯшворак», мевааш гулобӣ, сурх ва бунафши сиёҳтоб, ширин ё нордон (беш аз 10% қанд дорад). Онро тару тоза мехӯранд ва ширинӣ мепазанд. Хусусияти шифоии шоҳтут аз қадим маълум аст. Ба ақидаи Абӯалии Сино, тути нордон, яъне Ш. рушди омоси даҳону гулӯро бозмедорад; афшурааш давои реши равон аст. Дар тибби халқӣ шоҳтутро ба сифати рафъкунандаи иллати дил ва ба низом орандаи ғалаёни хун тавсия мешавад. Ба ақидаи табибони мардумӣ агар самари расидаи шоҳтутро бихӯранд, моддаҳои сахтшударо дар бадан мулоим мегардонад, фишори баланди хунро паст мекунад, варамҳои гарммизоҷи ҳалқро мегардонад, ташнагиро мешиканад, иштиҳоро ба таом мекушояд. Агар бо оби шоҳтут ғарғара кунанд ё он обро дар даҳон гардонанд, ҷӯшиш ва обилаҳои даҳон, варами ҳалқ, ком ва забоно дафъ мекунад. Агар ба оби он оби коснӣ ё кашниз ҳамроҳ кунанд, таъсираш қавитар мегардад. Истеъмоли шоҳтут захми рӯдаҳо ва исҳолро шифо мебахшад. Бисёр истеъмол кардани шоҳтут ба узвҳои даруни сина, шуш, асаб зарар дорад.

Шоҳтут
Гунаи умумии рустании расида
Гунаи умумии рустании расида
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Morus nigra L.

Нигористон вироиш



Нигаред вироиш

 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: