БЕНАВО (порсӣ: بینوا) Шоҳхалил ибни Иброҳими Бадахшонӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри XVI). Дар Ҳиндустон ба дунё омадааст. Пас аз касби камол ба Хоразм омад. Аз Хоразм ба Бадахшон сафар карда,то охири умр дар ин ҷо зиндагӣ ва эҷод намуд. Мувофиқи маълумоти тазкиранигори тоҷик Нисории Бухороӣ («Музаккир-ул-аҳбоб») Бенаво шоири хуштабъ буд. Бо Нисорӣ дӯстӣ доштааст. Намунаҳои осораш ба тавассути тазкираҳо расидаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Шоҳхалил Бенаво
Шоҳхалил ибни Иброҳими Бадахшонӣ
Сурат
Таърихи таваллуд асри XVI
Зодгоҳ Ҳиндустон
Пеша нависанда
Бенаво
Шоҳхалил ибни Иброҳими Бадахшонӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдураҳмони Мушфиқӣ
Тахаллусҳо: Бенаво (порсӣ: بینوا)
Таърихи таваллуд: асри XVI
Зодгоҳ: Ҳиндустон
Маҳалли даргузашт: Бадахшон
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: асри XVI


Ман об шудам, сароб дидам худро,

Дарё гаштам, ҳубоб дидам худро.

Огоҳ шудам, тамом дидам ғафлат,

Бедор шудам, ба хоб дидам худро.

Сарчашма вироиш

  • Ҳабибов А. Ганҷи Бадахшон. Душанбе, 1972.