Шуш (лот. pulmones) — узви нафаскашӣ; дар сандуқи сина ҷойгир аст.

Шуш шакли махрутро дошта, асоси он ҷониби диафрагма менигарад; нӯги он аз пеш тақр. 3 см болотар аз чанбарак ҷой гирифтааст (аз қафо дар сатҳи муҳраи VII гардан аст). Ҳудуди поёни Шуш аз хатти наздифақаротӣ то қабурғаи XI, аз хатти миёнаи зерикашӣ то қабурғаи VIII, аз хатти миёнаи чанбаракӣ то қабурғаи VI мерасад. Он бо пардаи серозӣ — плевра пӯшида шудааст. Байни халтачаҳои шушпарда миёндевор мавҷуд аст. Дар миёнаҷои қисми ба дил нигарони Ш. даромадгоҳи Ш. қарор дорад, ки ба он бронхи асосӣ ва артерияи шуш дохил шуда, венаи шуш мебарояд. Ш. аз се сатҳ иборат аст: қабурғавӣ, диафрагмавӣ ва дохилӣ. Бофтаҳои Ш. нарму чандиранд. Ш.-и рост нисбат ба Ш.-и чап кӯтоҳ ва васеътар аст, чунки гунбази рости диафрагма аз гунбази чап болотар ҷой дорад. Дар даромадгоҳи Ш. ва ба дарозии бронхҳои асосӣ уқдаҳои лимфавӣ мавҷуданд. Артерия дар Ш.-и рост поёнтар ва дар Ш.-и чап болотар аз бронх ҷойгир шудааст. Венаҳои шуш поёнтар аз артерияҳои бронх ҷой гирифтаанд. Ш.-и рост аз қисмҳои болоӣ, миёна ва поёнӣ ва Ш.-и чап аз қисмҳои болоию поёнӣ иборат аст. Дар байни онҳо ҷӯякҳои каму беш чуқур мавҷуданд. Ҳар як Ш. ба 10 сегманти бронху шуш тақсим мешавад. Сегментҳо аз ҳиссачаҳои шуш иборатанд. Ҳар як ҳиссача бронх дорад, ки диаметраш тақр. 1 мм аст. Ҳиссачаҳо дар 2 — 3 қатор ҷой гирифта, бо бофтаи пайвандии байниҳиссачавӣ ҷудо гаштаанд. Бофтаи мазкур ҳаракати ҳиссачаҳоро ҳангоми нафаскашӣ таъмин месозад. Ба шуш ҳаво тавассути бронҳо меояд. Бронхҳо тадриҷан ба бронхҳои хурди дуюмин, сеюмин ва ғ. ҷудо мешаванд. Бронхиолаҳо шохаи охирини бронхҳо буда, роҳҳои алвеолавӣ доранд, ки девораашон бо ҳубобча (алвеола)-ҳо пӯшида шудааст. Девораи алвеолаҳо ниҳоят маҳин буда, ба миқдори зиёд нахҳои чандир дорад. Дар алвеолаҳо мубодилаи газ байни хун ва ҳаво ба амал меояд. Бронхиолаҳои ниҳоӣ ибтидои бронхиолаҳои нафаскашӣ буда, ба шохаҳо ҷудо ва ба роҳҳои алвеолавӣ ворид мешаванд. Ҳар як маҷрои алвеолавӣ бо ду халтачаи алвеолавӣ интиҳо меёбад. Алвеолаҳои нафаскашӣ, маҷрои алвеолавӣ, халтачаҳои алвеолавӣ ва алвеолаҳо дарахти алвеолавӣ ё паренхимаи нафасгирии Ш.-ро ташкил медиҳанд. Қутри даҳонаи алвеолаҳо дар одамони калонсол 0,15 — 0,25 мм буда, онҳо ба якдигар зич ҷой гирифтаанд. Сатҳи дохилии онҳо бо пардаи якқабата пӯшида шудааст. Дар он ду навъи ҳуҷайраҳоро фарқ мекунанд: ҳуҷайраҳои нафаскашӣ ё алвеолоситҳои гурӯҳи 1-ум ва ҳуҷайраҳои калон ё алвеолоситҳои гурӯҳи 2-юм. Ҳуҷайраҳои калони пардаи алвеолавиро бисёр вақт ҳуҷайраҳои тарашшӯҳӣ меноманд, чунки онҳо қобилияти ҷудо кардани моддаҳои липопротеиниро доранд. Ғайр аз ин, онҳо фосфолипидҳоро синтез ва ҷудо мекунанд. Дар алвеолаҳо ҳамчунин фагоситҳои алвеолавӣ (макрофагҳо) мавҷуданд. Мӯйраги хун ба баъзе алвеолаҳо ҳамшафат мебошад, ки барои мубодилаи газ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Шуш

Дар Ш. хунрагҳои даври хурд ва калони хунгардиш мавҷуданд. Ба хун рагҳои даври хурди хунгардиш, шохаҳои артерияҳои шуш, ки хуни венавиро ба Ш. мебаранд ва шохаҳои венаҳои шуш (хуни артериявиро аз Ш. ба пешдили чап мебаранд) дохил мешаванд. Девораи бронхҳо аз артерияи бронхҳо хун мегирад. Артерияи Ш. мисли бронхҳо шохаронда аст. Кори шуш (мас., танг ё васеъ шудани рагҳои хун ва қасабаи шуш)-ро торҳои асаби симпатикӣ ва парасимпатикӣ танзим мекунанд. Ба воситаи Ш. инчунин моеот ва баъзе маҳсули газшакл низ ҷудо мешаванд.

Ҳаҷми Ш. ба қаду қомат, ҷинс, синну сол ва инкишофи ҷисмонии шахс вобаста аст. Ҳаҷми ҳаётии Ш.-и мардҳо 3500 — 4500 (баъзан 6000) ва занҳо 2500 — 3500 мл мебошад.

Ҳудудҳои Ш. вобаста ба синну сол тағйир меёбанд. Дар навзодҳо қисмати болоии Ш. дар сатҳи қабурғаҳои I ҷойгир буда, баъд тадриҷан боло мебарояд (дар 20 — 25-солагӣ аз онҳо 3 — 4 см баланд мешаванд). Ҳудуди поёнии Ш.-и навзодон нисбат ба калонсолон як қабурға болотар ҷойгир аст. Он вобаста ба зиёд шудани синну сол поён мехамад. Ш. дар одамони аз 60-сола боло нисбат ба одамони 30 — 40-сола 1 — 2 см поёнтар ҷойгир аст.

Ш. дар доимӣ нигоҳ доштани ҳарорати бадан, танзими лахтшавии хун, мубодилаи сафеда, чарбу, карбогидратҳо, инчунин муҳофизати организм аз бактерияҳо иштирок мекунад. Барои ташхиси бемориҳои Ш. аз усулҳои умумӣ ва махсуси таҳқиқи бемориҳо истифода мебаранд. Тавассути палмосидан шакл, ҳаҷм, ҳаракати ҳамзамони ҳарду тарафи сандуқи сина, қитъаҳои дардманд, бо ёрии ангуштзанӣ бошад, ҳудудҳои Ш., ҳаракати гӯшаҳои поёнии онро муайян мекунанд. Аз усулҳои махсуси ташхис тадқиқоти рентгенологӣ (флюорография, рентгенография, рентгеноскопия, томография, бронхография) аҳамияти бештар доранд. Сатҳи дохилии бронхҳоро бо ёрии бронхоскоп (ниг. Бронхоскопия), ҷавфи пардаи шуш ва сатҳи Ш.-ро бо ёрии торакоскоп (ниг. Торакоскопия) муоина менамоянд. Фаъолияти Ш.-ро бо асбобҳои махсус, аз он ҷумла спирограф таҳқиқ мекунанд. Барои таҳқиқи табдили ҳаво ва гардиши хун дар Ш. усулҳои радионуклидиро истифода мебаранд. Дар шароити лаборатория балғам ва моее, ки бо роҳи пунксия аз шушпарда гирифта шудааст таҳқиқ карда мешавад. Аз рӯи нишондодҳо усулҳои тадқиқоти биохимиявӣ, иммунологӣ ва ғ.-ро кор мефармоянд. Дар мавриди баъзе бемориҳо (мас., зиқи нафас) мариз дар лаборатория махсус аз таҳқиқи аллергологӣ гузаронда мешавад.

Осебҳои Ш. пӯшида ва кушода мешаванд. Осебҳои пӯшида ҳангоми зарб ёфтани девораи сина ё байни ду ашёи сахт тазӣиқ хӯрдани он пайдо мешаванд. Ҳангоми осебҳои пӯшида бофтаҳои Ш. ва бронхҳо мекафанд. Дар вақти шикастани қабурғаҳо нафасгирии Ш. душвор мегардад. Барои ташхиси осебҳои Ш. сандуқи синаро дар ду проексия рентгенография кардан зарур аст. То ба беморхона бурдан, беморро дар ҳолати нимнишаст нигоҳ дошта, ба ӯ нафаси сунъӣ медиҳанд.

Осебҳои кушодаи Ш. ҳангоми ба сина корд ё тир задан пайдо мешаванд. Барои муайян намудани хусусияти захм узвҳои сандуқи синаро ҳатман рентгенография кардан лозим аст. Ҷисмҳои бегона ба Ш. асосан тавассути захмҳои кушода дохил мешаванд. Муддати зиёд дар бофтаҳои шуш боқӣ мондани онҳо боиси инкишофи думбал, гангрена ва хуншории Ш. мешавад. Онҳоро тавассути таҳқиқоти рентгенологӣ ва бронхоскопия ташхис мекунанд. Усули табобат — ҷарроҳист.

Бемориҳои маъмули Ш. пневмония, эмфиземаи шуш, сил, зиқи нафас ва ғ. мебошанд. Омосҳои Ш. некфарҷом (аденома, ғамартома ва ғайра) ва бадфарҷом (саратони бронхогенӣ, баъзан саркома) мешаванд.

Расми 1. Шуши рост (А) ва чап (Б). 1 — трахея (хекиртак); 2 — нӯги шуш; 3 — ҳиссаи болоӣ; 4 ва 10 — роғи каҷ; 5 — ҳиссаи поёнӣ (шуши чап); 6 — комаи дил; 7 — бронхҳои асосӣ; 8 — ҳиссаи мобайнӣ (шуши рост); 9 — ҳиссаи поёнӣ (шуши рост); 11 — роғи амудӣ; 12 — ҳиссаи болоӣ (шуши рост). Расми 2. Сегментҳои бронху шуш. А, Б — шуши рост, ҳиссаи болоӣ: 1 — сегменти болоӣ; II — сегменти ақиб; III — сегменти пеш; IV — сегменти канорӣ; V — сегменти миёнҷоӣ; ҳиссаи поёнӣ: VI — сегменти болоӣ; VII — сегменти миёнҷо (дил)-и асосӣ; VIII — сегменти асосии пеш; IX — сегменти канории асосӣ; X — сегменти асосии ақиб. В, Г — шуши чап: I — сегменти болоӣ (ҳиссаи болоӣ); II — сегменти ақиб; III — сегменти пеш; IV — сегменти забончавии болоӣ; V — сегменти забончавии поёнӣ; ҳиссаи поёнӣ: VI — сегменти болоӣ; VII — сегменти миёнҷои (дил)-и асосӣ; VIII — сегменти асосии пеш; IX — сегменти канории асосӣ; X — сегменти асосии ақиб. Дар дарвозаҳои шуш бо ранги кабуд артерияи шуш, бо ранги сурх — венаҳо, бо ранги зард — уқдаҳои лимфавӣ, бо ранги хокистарӣ — бронхҳо нишон дода шудаанд.

Нигаред низ вироиш

 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Адабиёт вироиш