Шӯриши Восеъ — шӯриши бузурги деҳқонон дар бекигариҳои Кӯлобу Балҷувони Бухорои Шарқӣ дар соли 1888.

Ибтидои шӯришу ошубҳо вироиш

Дар замони ҳукмронии амир Музаффар андозҳои нав ҷорӣ шуда, ғорати мардум ба авҷи аълояш расид. Дар қатори хироҷу закоту андозҳои расмӣ қозикалони Бухоро Садриддин андози нав бо номи «аминона» ҷорӣ кард. Ин андоз аз савдову тиҷорат ва андози дигар-«хасбур» аз зироатҳои кишоварзӣ ситонда мешуд. Дар натиҷа, норозигии мардум зиёд шуда дар маҳалҳо шӯришҳои халқӣ сар мезананд. Июли с.1870 дар бекигарии Балҷувон шӯриши деҳқонон барои ситондани «амонпулӣ» ва андозҳои дигар сар зад, ки дар он тақрибан 2000 нафар иштирок карданд. Ин шӯриш исёни аввалини халқӣ ба муқобили зулми амир ғайримуташаккил ва бенизом буд, аз ин рӯ, он пахш карда шуд. Соли 1878 ду ҳазор деҳқон аз худсарию зиёд шудани миқдори хироҷу закот ба шӯр омада, қалъаи Балҷувонро муҳосира карданд. Беки Балҷувон Абдукаримбек (писари беки Самарканд - Шералии иноқ), аз ғазаби халқ тарсида, ба Ҳисор гурехт.

Деҳқонон қалъаро гирифтанду молу мулки онро байни худ тақсим карда, ҳамон дам хона ба хона пароканда шуданд. Ошуб бо қувваи мусаллаҳи беки Ҳисор пахш карда шуда, чанд нафарро ба дор кашиданд. Иштирокчиёни фаъоли шӯриш аз чазои ваҳшиёна тарсида, ба сӯи бекигарии Дарвоз гурехтанд. Абдукаримбек боз ба Балҷувон баргашта, мисли пештара худсарӣ кардан гирифт. Соли 1885 дар амлокдории Муъминободи бекигарии Кӯлоб низ шӯриши деҳқонон барои аз ҳад зиёд гирифтани андоз сар зад, вале он низ пахш карда шуд. Дар охири соли 1885-аввали соли 1886 мардумони амлокдории Сарипули Ёхсуи бекигарии Балҷувон низ исён бардоштанд. Сабаби он маротибаи дуюм ситондани закот буд. Шӯриш ба зудӣ аз ҷониби бек бо сӯзондани якчанд деҳа ва ба Бухоро фиристодани якчанд сардорони он пахш карда шуд. Ин шӯришҳо муқаддимаи шӯриши бузурги асосии деҳқонон дар бекигариҳои Кӯлобу Балҷувон – Шӯриши Восеъ буданд[1].

Дар замони ҳукмронии амир Музаффар андозҳои нав ҷорӣ шуда, ғорати мардум ба авҷи аълояш расид. Дар қатори хироҷу закоту андозҳои расмӣ қозикалони Бухоро Садриддин андози нав бо номи «аминона » ҷорӣ кард. Ин андоз аз савдову тиҷорат ва андози дигар-«хасбур» аз зироатҳои кишоварзӣ ситонда мешуд. Дар натиҷа, норозигии мардум зиёд шуда дар маҳалҳо шӯришҳои халқӣ сар мезананд. Июли с.1870 дар бекигарии Балҷувон шӯриши деҳқонон барои ситондани «амонпулӣ» ва андозҳои дигар сар зад, ки дар он тақрибан 2000 нафар иштирок карданд. Ин шӯриш исёни аввалини халқӣ ба муқобили зулми амир ғайримуташаккил ва бенизом буд, аз ин рӯ, он пахш карда шуд. Соли 1878 ду ҳазор деҳқон аз худсарию зиёд шудани миқдори хироҷу закот ба шӯр омада, қалъаи Балҷувонро муҳосира карданд. Беки Балҷувон Абдукаримбек (писари беки Самарканд - Шералии иноқ), аз ғазаби халқ тарсида, ба Ҳисор гурехт. Деҳқонон қалъаро гирифтанду молу мулки онро байни худ тақсим карда, ҳамон дам хона ба хона пароканда шуданд. Ошуб бо қувваи мусаллаҳи беки Ҳисор пахш карда шуда, чанд нафарро ба дор кашиданд. Иштирокчиёни фаъоли шӯриш аз чазои ваҳшиёна тарсида, ба сӯи бекигарии Дарвоз гурехтанд. Абдукаримбек боз ба Балҷувон баргашта, мисли пештара худсарӣ кардан гирифт. Соли 1885 дар амлокдории Муъминободи бекигарии Кӯлоб низ шӯриши деҳқонон барои аз ҳад зиёд гирифтани андоз сар зад, вале он низ пахш карда шуд. Дар охири соли 1885-аввали соли 1886 мардумони амлокдории Сарипули Ёхсуи бекигарии Балҷувон низ исён бардоштанд. Сабаби он маротибаи дуюм ситондани закот буд. Шӯриш ба зудӣ аз ҷониби бек бо сӯзондани якчанд деҳа ва ба Бухоро фиристодани якчанд сардорони он пахш карда шуд. Ин шӯришҳо муқаддимаи шӯриши бузурги асосии деҳқонон дар бекигариҳои Кӯлобу Балҷувон – Шӯриши Восеъ буданд [1]. Шӯриши Восеъ Ҳамаи ин шӯришу ошубҳо барои ҳаракати азиме ки, соли 1888 Бекигарии Балҷувонро фаро гирифт, гуё заминае тайёр карда буд. Ин шӯриш бо номи шӯриши Восеъ маъруф гаштаст. Сабаби шӯриш он буд, ки мувофиқи талаби амалдорони амир деҳконон мебоист аз ҳосили яксола хироҷи на танҳо соли ҷорӣ, балки хироҷи солҳои пешинаи беҳосилро ҳам диханд. Иҷрои ин кор дар асл деҳконон ва аҳли оилаи онҳоро ба гуруснагӣ мерасонид. Бинобар он бо сардории Восеъ деҳконони атрофи Ховалинг ба ҳавлии амлокдор дарафтоданд, ҳавлиҳои дигар ашрофро ба хок яксон сохтанд. Восеъ ба музофоти Балҷувону Кӯлоб одамони худро фирисод, ки мардум дар ҷанги зидди амир ба вай ҳамроҳ шаванд. Садхо ҷабрдидагон дар атрофи сардори худ ҷамъ омаданд. Мардуми ҷамъ омада бо сардории Восеъи ҷувозкаш роҳи Балҷувонро пеш гирифт. Гуфтушуниди амалдорони бек бо шуришчиён натиҷа набахшид. Бек хост бо ҳамлаи ногаҳони шӯришро пахш кунад. Вале ба Восеъ муясар мешавад, ки сарбозонро гурезонда, қалъаи бекро ишғол намояд. Шӯришгарон бегуноҳонро аз зиндони бек раҳо доданд. Баъд курхонаи қалъаро кушода, аслиҳаро байни худ тақсим намуданд. Се шабонарӯз қалъаи Балҷувон дар дасти шӯришгарон буд. Хатои калони Восеъ ҳамин шуд, ки шӯришчиён аз ғалабаи худ мамнун шуда, қадаме аз Балҷувон берун намонданд. Аз фурсат истифода намуда, ҳокими Балҷувон ба Кангурт расид ва аз он ҷо истода, аз ҳокимони Кӯлобу Хисор имдод талабид. Инчуни Беки мазкур сарбозони парокандагаштаи худ ва ононе, ки бар зидди деҳқонони шӯришгар буданд, ҷамъ карда, ба сари Балҷувон тохт ва қалъаро гирифт. Восеъ ҳануз таслим намешуд. Ӯ муборизаро давом дода, Кангуртро ишғол кард. Дар инҷо деҳконони Кангурту Қизилмазорро ҷамъ намуда, Восеъ бори дуюм қалъаи Балҷувонро ишғол намуд. Шӯришгарон на фақат ба Балҷувон, балки Ховалингу Кангуртро ҳам соҳиб шуданд. Комебиҳои шӯришгарон муборизаи оммаи халқ бар зидди амалдорон ва сарватмандон решаҳои тартибоди феодалиро ба ларза овардаанд. Аз хусуси шӯриши деҳқонон таҳти роҳбарии Восеъ амири Бухоро ҳатто ба генерал–губернатори Туркистон ҳам хабар медиҳад. Аз Бухоро ба суи Балҷувон лашкар фиристода мешавад. Ба қувваҳои мутаҳидаи ҳарбии бекҳо муяссар мешавад, ки шӯриши деҳкононро ба сардории Восеъ пахш кунанд. Ҳамсафони наздики Восеъ захмдор ё дар корзор ҳалок шуданд. Восеъ баъди шикастхӯриҳои назди Тутқавул ва Кангурт аз муҳорибаи нав даст кашида, бо дастаи камшумори боқимондааш ба сӯи деҳаи Сарипул (шимолу Шарқии Ховалинг) қафо гашт. Вале қисмҳои қӯшунҳои Остонақул то ба ин ҷо ҳам омада расида, ба шӯришгарон зарбаи охиринро расониданд, ки ин воқеа тахминан охири моҳи июли соли 1888 ба вуқӯъ омада буд. Восеъ баъди ин шикастхӯрӣ, аввал ба деҳаи Гулдара, баъд ба кӯҳҳои Девлох, ба чарогоҳи Буздара гурехт. Вале дар Буздара Восеъ ва ҳаммаслаконашро сарбозони бек аллакай интизор буданд. Қушбегӣ Остонақул дӯсти Восеъ – Маҳмадалиро ба хиёнат водор намуд. Ӯ Восеъ ва 12 тарафдоронашро бо роҳи фиреб ба мавзеи Буздара бурд. Аскарони амир, ки дар камин буданд, дӯстони Восеъро кушта, худи ӯро асир карданд [2]. Ӯро аз он ҷо аввал ба Балҷувон, баъд ба Ҳисор оварданд ва аз он ҷо беки Ҳисор Останақул қушбегӣ вайро бо 6 нафар ҳамсафонаш ба Шаҳрисабз, ба ҳузури амир Абдулаҳадхон , ки ҳанўз ҳам истироҳаташро дар ин ҷо давом медод, фиристод. Восеъро ишқелбанд карда, ба Ҳисор равон намуданд. Восеъ дар назди амир, ки дар Шаҳрисабз меистод, ба дор кашида шуд. Аммо на ба дор кашидани Восеъ ва на ҷазои вахшиёнаи шуришчиён пеши роҳи муборизаи деҳконон ва косибонро гирифта натавонист. Дар дигар музофотҳои Бухорои шарқи борҳо шуришҳои меҳнаткашон сар зада буд. Мутассифона шуришҳои, халқи дар асри ХIХ чун асрҳои пешина, номуташакилона ва пароканда буданд, роҳбарони саводнок ва таҷрибадор надоштанд. Аз ҳамин сабаб доим шикаст мехурданд. Бо вуҷуди он шуришҳои беш аз пеш ба решаи сохти аморат теша мезаданд.

Адабиёт вироиш

  • Искандаров Б. Аморати Бухоро, ЭСТ, ҷ. 1. - Душанбе, 1978;
  • Исмоилова Б. История Бухарского эмирата. - Х., 2005;
  • Ғафуров Б., Тоҷикон, ҷ. 2. - Душанбе, 1985;
  • Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с.211-214.

Эзоҳ вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 128