Эннию Муррикуне (итол. Ennio Morricone, 10 ноябри 1928, Рум — 6 июли 2020, ҳамон ҷо) — оҳангсоз, танзимкунанда, раҳбари уркестр ва навозандаи итолиёӣ.

Эннию Муррикуне
итол. Ennio Morricone
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 10 ноябр 1928(1928-11-10)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 июл 2020(2020-07-06)[4][5][6][…] (91 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 19462020
Кишвар
Пеша(ҳо) раҳбари мусиқӣ, пиёнунавоз, оҳангсози филм, танзимкунандаи мусиқӣ, оҳангсоз, трумпнавоз, мусиқидон, таҳиякунандаи мусиқӣ
Соз фортепиано ва трумпет[9]
Сабк мусиқии филм
Ношир(он) Virgin Music[d]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
enniomorricone.org(англ.)(ит.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Эннию Муррикуне 10 ноябри соли 1928 дар Рум, дар хонаводае аҳли мусиқӣ зода шуд. Ӯ фарзанди нахусти Морию Муррикуне ва Либеро Ридулфӣ буд[10]. Мусиқиро бо навохтани трумпет оғоз кард. Ҳузури қобили таваҷҷуҳи трумпет дар осори ӯ хабар аз алоқааш ба ин соз аз ҳамон даврони фарогирии мусиқӣ медиҳад. Истеъдоду тавоноии вай дар ёдгирии мусиқӣ аз ҳамон солҳои нахустин хонавода ӯро ба идомаи таҳсилоташ дилгарм мекунад. Маҷаллаи Тойм дар мусоҳибае бо ӯ дар соли 1987 менависад: «Падар Эннию худ навозандаи трумпет буд. Ӯ дар заминаи мусиқии ҷоз, опера ва забти мусиқӣ барои филмсоз менавохт ва фарзандаш Эннию аз шашсолагӣ оғоз ба навиштани мусиқӣ кард». Тақрибан ду сол баъд замоне ки ӯ ҳаштсола буд ба мадрасаи ибтидои «Яҳё Таъмиддиҳанда» дар Рум рафт. Онҷо буд, ки ӯ бо Серҷу Леуне ҳаммадрасаӣ шуд. Коргардоне, ки солҳо баъд ҳамкорӣ бо ӯ сароғози шуҳрат ва муваффақият барои ҳардуяшон шуд[11].

Эзоҳ вироиш