Эрна Сулберг (норвегӣ: Erna Solberg; тав. 24 феврали соли 1961, Берген) — арбоби давлатӣ ва сиёсатмадори норвегӣ. Аз соли 2004, роҳбари Ҳизби консервативии Норвегия. Сарвазири Норвегия аз 16 октябри 2013.

Эрна Сулберг
норвегӣ: Erna Solberg
аз 16 октябри соли 2013
Подшоҳ Ҳаралд V
Пешгузашта Йенс Столтенберг
аз 9 майи соли 2004
Пешгузашта Ян Петерсен
парчам
Вазири идоракунии маҳаллӣ ва навсозӣ
парчам
19 октябри соли 2001 — 17 октябри соли 2005
Нахуствазир Ҳйелл Магне Бунневик
Пешгузашта Силвия Брустад
Ҷонишин Ослёуг Ҳага
Таваллуд 24 феврал 1961(1961-02-24)[1][2][3][…] (63 сол)
Ҳамсар Sindre Finnes[d][4]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод масеҳият
Соядаст
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ erna.no(норв.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тарҷумаи ҳол вироиш

Эрна Сулберг соли 1961 дар Берген таваллуд шудааст. Ҳангоми дар мактаб буданаш, вай дар робита бо дислексия (забонпечӣ) як қатор мушкилотро аз сар гузаронд. Дар мактаб вай дар оркестр бозӣ мекард, дарси фортепиано мегирифт [7]. Пас аз хатми мактаб, вай ба Донишгоҳи Берген дохил шуд ва онро соли 1986 бо ихтисоси ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ хатм кард.

Вай аз хурдӣ узви Ҳизби консервативӣ (кӯҳнанигар) шуд ва ба зудӣ ба раҳбарии ҷиноҳи ҷавонон, сипас худи ҳизб ворид шуд. Аз соли 1989 узви доимии Стортинг (парлумони Норвегия) мебошад.

Дар соли 2001, вай ба ҳайати вазири хоҷагии коммуналӣ ба ҳукумати Хелл Магне Бунневик пайваст. Дар ҳукумат 4 сол кор кард. Вай худро як сиёсатмадори иродадор ва мақсаднок нишон дод ва 9 майи соли 2004 ҳизби консервативиро сарварӣ кард [8].

Моҳи сентябри соли 2013, дар интихоботи парлумонии Норвегия, эътилофи чор ҳизби ростгаро аксарияти овозҳоро ба даст овард. Сарвазири Норвегия Йенс Столтенберг истеъфо эълом кард; ӯро дар ин вазифа Эрна Сулберг [9][10] рӯзи 16 октябр иваз кард.

Оила вироиш

Эрна Сулберг аз соли 1996 бо Синдре Финнес издивоҷ кардааст. Онҳо ду духтарро ба воя мерасонанд.

Эзоҳ вироиш