Эрони Бузург (форсӣ: ایران بزرگ‎, англ. Greater Iran), Эронзамин (форсӣ: ایران‌زمین‎) — дарбаргирандаи Эрони кунунӣ, бахши бузурге аз Қафқоз, Афғонистон ва Осиёи Миёна дарбаргирандаи Тоҷикистону Узбакистони кунунӣ, Миёндурӯд ва Хоразму манотиқи ҷанубии дарёчаи Хоразм (Арал) то каронаҳои дарёи Коспӣ (Каспий), Покистону Кашмир, кӯҳҳои Ҳиндукуш ва манотиқи ховарии Чини кунунӣ ва низ каронаҳову обхостҳои ҷанубии шохоби Порс ва дар бохтар дарбаргирандаи ҳамаи минтақаҳои Миёндуруд, Курдистони Бузург ва бахши шарқии Туркияи имрӯзӣ ва Онотулӣ аст. Ба эроншиносии садаи XIX омезиши истилоҳоти " Эрони Бузург " ва танҳо " Эрон " мувофиқ аст[1] .

Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ Эрони Бузург тамоми платои Эронро дар ҷануби Осиёи Марказӣ (Бохтар) ва Помир дар шимолу шарқ; Афғонистон ва Покистони Ғарбӣ (кӯҳҳои Сулаймон) дар ҷанубу шарқ; Курдистон, Кишвари Зазаро, Сурия ва Қафқоз дар шимолу ғарб дар бар мегирад
Империяи Мод (тахм. 678 – тахм. 585 п.а.м) дар даврони паҳноитаринаш (тахм. 585 п.а.м)
Империяи Ҳахоманишӣ (550 п.м–330 п.м) дар марзҳои бузургтаринаг (соли 480 п.м)
Империяи Ашконӣ (247 то милод–224 пас аз милод) дар марзҳои бузургтаринаш (96 п.м)
Империяи Сосониён (224–651) дар с. 620
Империяи Сомониён (819–999) дар с. 943
Империяи Саффориён (863–1003) дар с. 879
Империяи Сафавиён (1501–1736) дар соли 1624
Сулолаи Афшориён (1736–1796) р солт 1747а
Эрони Қоҷарӣ (1789–1925) дар соли 1797

Мафҳуми «Эрони Бузург» вироиш

Мафҳуми «Эрони Бузург» сирф фарҳангӣ ва таърихӣ аст ва ба ягон давлатдориҳои сиёсии муосир мувофиқат намекунад. Қаламрави ҷуғрофию таърихии «Эрони Бузург» аз асри III-и мелодӣ (ниг. Шоҳаншоҳии Сосонӣ) ташакул ёфтан гирифт ҳамзамон бо тавсеаи васеи фарҳангии шоҳаншоҳии (империяи) Сосониён. Ҳангоме ки форсҳо нуфузи худро дар минтақа паҳн карданд, шумораи бештари мардум ба давлати онҳо ҳамроҳ гардиданд ва истилоҳи «Эрон» -ро онҳо барои муайян кардани як қудрати афзояндаи сермиллат истифода бурданд, ки баъдан чандин мавҷи заволи сиёсӣ ва ахлоқиро аз сар гузарондаст[2] . Пас аз соли 1935, вақте ки давлати форсҳо расман «Эрон» номгузорӣ шуд, фарқи истилоҳии байни «Эрон» ва «Эрони Бузург» дар пажӯҳишҳои таҳқиқоти таърихӣ ва таърихи Эрону мамолики Шарқи бостонӣ, ҳамчун мавҳуми илмӣ рӯи кор омад.

Минтақаҳои фарҳангӣ ва таърихӣ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Н. В. Ханыков: Экспедиция в Хорасан, М., Наука, 1973.
  2. Карл Риттер: Иран, часть I, перевод и дополнение Н. В. Ханыкова, СПб, 1874.

Адабиёт вироиш