Эухенио Силер

Ҳунарпешаи мексикӣ

Эухенио Силер Маргаин (Eugenio Siller Margain; тав. 5 апрел 1981, Тампико, Тамаулипас, Мексика) — ҳунарпеша, сароянда ва мудели мексикӣ.

Эухенио Силер
англ. Eugenio Siller
Ном ба ҳангоми таваллуд: Eugenio Siller Margain
Таърихи таваллуд: 5 апрел 1981(1981-04-05) (43 сол)
Зодгоҳ: Тампико, Тамаулипас, Мексика
Шаҳрвандӣ:  Мексика
Касб: ҳунарпеша
сароянда
мудел
Корнома: 1998-то ҳол
IMDb: ID 2288366
eugeniosillerofficial.com

Зиндагинома вироиш

Эухенио Силер бародари актёр ва овозхон Эдмундо Силер аст.

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро аз таҳияи рекламаҳои гуногун, ширкат дар мазҳакаҳои мусиқӣ ва бозӣ дар намоишномаҳо дар Мексика оғоз кардааст.

Вай инчунин аз соли 1998 узви гурӯҳи мусиқии "Klishé" буд. Ӯ дар ҷашнвораи OTI ширкат карда, аз ду албоми сабт намудааш чанд ҷоиза гирифтааст. Соли 1999 гурӯҳ аз ҷониби El Heraldo de México ҳамчун гурӯҳи ҷавонони пешрафти сол эътироф карда шуд. Аввалин албоми гурӯҳи "Klishé" Con devoción ва сабти дуввуми ӯ "Amor violento" ном дошт.

Силер дар Итолиё зиндагӣ мекард ва дар он ҷо бо брендҳои маъруфи мӯд кор мекард вм дар Майамӣ омодагии актёрӣ ва овозхониашро идома медод ва дар ниҳоят соли 2002 ба Мексика баргашт, то дар CEA (Маркази таҳсилоти бадеии Televisa) дарсҳои ҳунариро оиӯзад, ки онро соли 2005 хатм кардааст.

Ӯ дар Лос-Анҷелеси Калифорния зиндагӣ мекунад[1].

Фаъолият вироиш

Соли 2006, ӯ ҳамчун Лучано дар операи собунии Rebel баромад кард, сипас дар Código postal дар нақши Рафаэли ҷавони нобино кор кард ва соли 2007 аввалин нақши асосии худро дар Al Diablo con los guapos бозӣ карда, бо Эллисон Лосс ҷуфт буданд.

Соли 2009 ӯ бо Майте Перронӣ дар теленовеллаи «Гуноҳи ман» (Mi pecado), нақш бозидааст. Соли дигар, ӯ аввалин бор дар Telemundo ҳамчун қаҳрамони асосии дар "Аврора" баромад карда, дар баробари Соро Малдонадо, Хорхе Луис Пила, Ванесса Позе ва дигарон нақши Мартин Лобосро бозӣ кард.

Нақши навбатии ӯ соли 2011 бо Литсӣ "Una maid en Manhatta" буд. Соли 2014 ӯ дар теленовелаи Reina de corazones бо Паола Нунес нақш бозид.

Соли 2015 ӯ дар операи собунии "Quién es quién?", версияи Amores de mercado нақш бозидааст, ки дар он дугоникҳо Леонардо Фуэнтемайор ва Педро (Перико) Пересро дар якҷоягӣ бо Данна Паола ва Кимберлӣ Дос Рамос мебозанд.

Филмнома вироиш

Филмҳо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2017 Blind Trust Ҷон О'Доннелл The Georgia Latino Film Festival барои Беҳтарин ҳунарпеша[2]
2019 Tod@s caen Эстебан
2019 Super Bomberos Меча
2019 Jesús de Nazaret Хуан
Силсилафилмҳо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2006 Rebelde Лусиано
2006–2007 Código postal Рафаэл Рохас Алонсо 200 қисм
2007–2008 Al diablo con los guapos Аоехандро Белмонте Аранго Нақши марказӣ; 175 қисм
2009 Mi pecado Хулиан Хуерто Алдама Нақши марказӣ; 106 қисм
2010 Aurora (Фор. Уруро) Мартин Лобос Нақши марказӣ; 135 қисм
2011–2012 Una Maid en Manhattan Кристобал Паркер Нақши марказӣ; 168 қисм
2014 Reina de corazones Николас Нунез/ Хавиер Боливар Нақши марказӣ; 140 қисм
2015–2016 ¿Quién es quién? Леонардо / Педро Перез Гонсалес "Перико" Нақши марказӣ; 120 қисм
2016 Noches con Platanito Худаш Қисмати: "Eugenio Siller/Lisset/Adam Aadlerks/Araceli Adame/Alfredo Olivas"
2021 ¿Quién mató a Sara? Хосе Мария Ласкано Нақши асосӣ

Ҷоизаҳо вироиш

  • 2011: Рӯзномаи People en Español ӯро яке аз "Los 50 más bellos"(50 беҳтарин шахсони зебо) ном гирифт.[3]
  • 2009: Рӯзномаи People en Español ӯро яке аз "Los 25 hombres más guapos" (25 беҳтарин мардони зебо) ном гирифт.

Ҷоизаи TVyNovelas вироиш

Сол Номинатсия Филм Натиҷа
2009 Беҳтарин ҳунарпешаи ҷавон Al diablo con los guapos Номзадӣ

Ҷоизаи Tu Mundo вироиш

Сол Номинатсия Филм Натиҷа
2015 Беҳтарин ҳунарпеша Reina de corazones Номзад
2016 Ҷуфти идеалӣ ¿Quién es quién? бо Данна Паола Ғолиб[4]

Мардуми испонизабон вироиш

Сол Номинатсия Филм Натиҷа
2012 Беҳтарин ҷуфт(бо Литсӣ Una Maid en Manhattan Номзад
Беҳтарин ҳунарпеша Ғолиб
2011 Беҳтарин ҳунарпеша Уруро Ғолиб
2010 Беҳтарин ҷуфт (бо Майте Перронӣ) Mi pecado Номзад
Беҳтарин нақши мардона/ҳунарпешазани ҷавон Ғолиб
Беҳтарин нақши мардона Номзад

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш