Юлиус Фучик (чехӣ: Julius Fučík, 23 феврали 1903 — 8 сентябри 1943) — адиби номдори чех, коммунист. Ходими ҳаракати коммунистӣ дар Чехословакия, нависанда, мунаққид, рӯзноманигор. Қаҳрамони миллии РСЧС.

Юлиус Фучик
чехӣ: Julius Fučík
Ном ба ҳангоми таваллуд: чехӣ: Julius Jaroslav Fučík
Тахаллусҳо: J. F. Pavlov[3]
Таърихи таваллуд: 23 феврал 1903(1903-02-23)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 8 сентябр 1943(1943-09-08)[4][1][2][…] (40 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: тарҷумон, рӯзноманигор, нависанда, ношир, нақд
Забони осор: чехӣ[6]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Юлиус Фучик 23 феврали соли 1903 дар шаҳри Прага ба дунё омадааст. Ходими ҳаракати коммунистӣ дар Чехословакия, нависанда, мунаққид, рӯзноманигор. Қаҳрамони миллии РСЧС. Аз солҳои 20 яке аз муҳаррирони газета ва маҷаллаи ПКЧ — «Руде право» ва «Творба» кор кардааст. Фучик ба ИҶШС солҳои 1930, 1934—1936, аз он ҷумла ба Тоҷикистон низ омадааст ва як силсила очеркҳо навиштааст. Дар нимаи дуюми солҳои 30 ва давраи Чехословакияро забт кардани фашистон Фучик яке аз муборизони фаъоли зидди фашизм буд. Моҳи апрели соли 1942 ба дасти гестапо афтод. 8 сентябри соли 1943 дар Олмон ба қатл расид. Ҳангоми дар ҳабсхонаи Панкрапси Прага будан Фучик китоби «Гуфтор пеш аз қатл»-ро (нашраш 1945; тарҷ. тоҷикӣ 1951) навишт. Дар китоб фикру андешаҳои Фучик оид ба маънии зиндагӣ, маъсулияти ҳар як фард дар муҳофизати сулҳ ва ғайра фароҳам омадаанд.[7] Барандаи ҷоизаи байналхалқии Сулҳ (1950; баъди вафоташ) буд.[8]

Эзоҳ вироиш