Гага́рин Ю́рий Алексе́евич (9 марти 1934, деҳаи Клушино, ноҳияи Гжатск (ҳоло Гагарин)-­и вилояти Смоленск — 27 марти 1968 шаҳри Киржач, Русия) — нахустин шахсе, ки ба кайҳон парвоз кардааст, лётчик-­кайҳоннаварди ИҶШС (1961), полковник, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1961).

Юрий Гагарин
русӣ: Юрий Алексеевич Гагарин
Кишвар:
Рутбаи нисзомӣ: полковник[1], podpolkovnik[d][1], саргурд[1], Таҳмбон[1] ва Таҳмдор[1]
Таърихи таваллуд: 9 март 1934(1934-03-09)[2][3][4][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 27 март 1968(1968-03-27)[2][3][4][…] (34 сол)
Маҳалли даргузашт:
Соядаст:
Мукофотҳо:
 Парвандаҳо дар Викианбор
Хона-музейи Гагарин. Шаҳри Гагарин (собиқ Гжатск)
Хона-музейи Гагарин. Шаҳри Гагарин (собиқ Гжатск)

Таҳсил вироиш

Соли 1951 Омӯзишгоҳи касбии шаҳри Люберсии назди Маскавро хатм намуда, соли 1951 ба Техникуми саноатии Саратов дохил шуд. Соли 1954 ба аэроклуби Саратов омад. Гагарин таҳсилро бо баҳои аъло ба итмом расонида, бо ҳавопаймои Як­-18 мустақилона парвоз кард. Дар аэроклуб Гагарин 196 парвоз анҷом дод, ки он 42 соату 23 дақиқаро ташкил мекард. Гагарин соли 1955 ба хидмати аскарӣ даъват ва ба Омӯ зишгоҳи якуми ҳарбӣ­ҳавоии ба номи К. Е. Ворошилови Чкалов (ҳоло Оренбург) фиристода шуд. Дар назди лётчики озмояндаи машҳури вақт Я. Ш. Акбулатов таҳсил кард. Пас аз хатми аълои Омӯзишгоҳ (1957) дар қисмҳои авиатсияи қиркунанда хидмат кард.

Парвозҳо вироиш

 
(аудио)
Поехали!
noicon
Овози Гагарин
Кумак барои пахш

Аз соли 1960 дар отряди кайҳоннавардон буд. Нахустин бор дар ҷаҳон 12 апрели 1961 дар киштии «Восток» ба кайҳон парвоз кард. Ӯ гирди Заминро дар давоми 1 соату 48 дақиқа давр зада, бомуваффақият ба Замин баргашт. Барои ин қаҳрамонӣ Гагарин пеш аз муҳлат ба унвони ҳарбии майор ва Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардид (1961). Аз соли 1962 то ҳоло 12 апрел ҳамчун «Рӯзи кайҳоннавардон» қайд карда мешавад. Аз соли 1966 узви фахрии Академияи байналхалқии кайҳоннавардӣ ва таҳқиқи фазои кайҳон буд. Соли 1968 Академияи ҳарбӣ­ҳавоии муҳандисии ба номи Н. Е. Жуковскийро (Маскав) хатм намуд.

Унвонҳо вироиш

Бо унвонҳои Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистии Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия (1961), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистии Ҷумҳурии Халқии Булғория (1961), Қаҳрамони Меҳнати Ҷумҳурии Демократии Вйетнам (1962) қадр шудааст.

Бузургдошт вироиш

 
Истиқболи Гагарин дар Варшава. Соли 1961

Барои абадӣ гардонидани хотираи Гагарин бисёр шаҳру ноҳияҳо, мактабу омӯзишгоҳҳо, кӯчаву майдонҳо, колхозу совхозҳо, яке аз танӯраҳои тарафи намоёни Моҳ ба номи ӯ гузошта шудаанд. Соли 1968 Федератсияи умумиҷаҳонии ҳавопаймоӣ (ФУҲ) медали тилои ба номи Гагаринро таъсис намудааст.

Бо қарори Шӯрои Британия соли 2011 ба муносибати 50­-солагии парвози инсон ба кайҳон дар маркази Лондон ҳайкали Гагарин гузошта шуд.

Осор вироиш

  • Дорога в космос (записки лётчика­космонавта СССР). М., 1969;
  • Вижу Землю… (документальный рассказ). М., 1976;
  • Гагарин Ю. А., Лебедев В. Психология и космос; двадцатой годовщине перво-го полёта человека в космос посвящается. М., 1981.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 http://www.federalspace.ru/1968
  2. 2.0 2.1 Гагарин Юрий Алексеевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1971. — Т. 5 : Вешин — Газли. — С. 623.
  3. 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  4. 4.0 4.1 filmportal.de — 2005.
  5. Большая российская энциклопедия (рус.)М.: Большая российская энциклопедия, 2004.

Адабиёт вироиш

  • Первушин А. И. 108 минут, изменившие мир. М., 2011;
  • Данилкин Л. Юрий Гагарин. М., 2011;
  • Куприянов В. Н. Космическая одиссея Юрия Гагарина. М., 2011.

Сарчашма вироиш