Яхоб

(Тағйири масир аз Яхсу)

Яхоб[1][2], Ёхсу ё Яхсу (дар сарчашмаҳои хаттии асрҳои IX – XI бо номҳои Бахшу, Вахшу, Охшу, Ёхсу ёд шудааст) —  дарё дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, шохоби чапи д. Сурхоб (Сурхоби Панҷ). Дарозиаш 120 км, масоҳати ҳавзааш 2710 км2. Аз нишебиҳои шимолу ғарбии  қ-кӯҳи Ҳазрати Шоҳ (бо номи Мунҷакиён) сар шуда, дар ҷанубу ғарбии шаҳраки Восеъ ба д. Сурхоб мерезад. Саргаҳаш аз чашмасорони воқеъ дар собиқ ҳудуди деҳаҳои Талвару Шугнови Куҳна маҷро гирифта, то ба водии Кӯлоб дарёи сероберо ташкил медиҳад. То ш. Кӯлоб шакли морпеч дошта, ноҳияҳои Ховалинг ва Мӯъминободро аз куҳи Чилдухтарон ҷудо мекунад. Шохаҳои калонаш Оби Сурх, Кӯлобдарё (аз чап). Манбаи асосиаш барфу борон ва чашмаҳои водии Ёхсу. Баҳорон сероб гардида, тобистону тирамоҳ камоб мешавад. Сарфи солонаи об ба ҳисоби миёна 31,9 м3/с. Дар ЁХСУ бо мақсади обёрӣ намудани заминҳои минтақаи Кӯлоб ва Восеъ якчанд наҳрҳо (Ҳукумат, Зиракӣ, Пушиён) бунёд шудаанд. Дар саргаҳи ЁХСУ кони тило ва дар резишгоҳи он ба д. Сурхоб кони намаки ошии Хоҷа Муъмин воқеъ аст. Лаққамоҳӣ, гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ дорад. Аз асрҳои гузашта то солҳои 60 асри 20 мардум дар саргаҳи ин дарё тилошӯӣ мекарданд (асосан ба воситаи намад ва пӯсти бузу гӯспанд тиломешустанд). Имрӯз низ ин амалиёт ҷараён дорад. Яке аз сабабҳои ба Хатлонзамин ҳамла овардани аҷнабиён ба даст овардани кони тилои Шугнови қади д. ЁХСУ буд. Дар баландии деҳаҳои Талвару Шугнови водии д. ЁХСУ нишонаҳои истихроҷу коркарди тило боқӣ мондаанд, ки тибқи ривоятҳо гӯё дар онҳо навкарони Чингизхон қариб 200 сол тило истеҳсол мекардаанд. Соли 1895 тилокоб П. Журавко-Покорский дар водии д. Ёхсу аввалин шуда корхонаи коркарди тилои худро бунёд карда буд. Солҳои 70 асри XX дар соҳили ЁХСУ з-ди махсуси истихроҷи тило «Дрога–205»-и Русия фаъолият дошт. Ҳоло дар саргаҳи дарё чанд корхонаи истихроҷи тило (аз ҷумла кони тилои «Шугнов») фаъолит доранд.

Адабиёт вироиш

Эзоҳ вироиш

Ҳаволаҳо вироиш

  1. Параметрро муайян кардан зарур аст url= дар шаблони {{cite web}}. . www.adlia.tj.
  2. Сырдарья стала рекой Сир, ледник Федченко – Ванджях. Полный список новых названий 3,5 тысяч географических объектов в Таджикистан – YOUR (ru-RU). YOUR – Искусство жить (22 августи 2023).