Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ

(Тағйири масир аз Ғиёсуддин Муҳаммад)

Ғиёсуддин Абулфатҳ Муҳаммад (форсӣ: غیاث‌ الدین محمد بن سام‎; 1139, Вилояти Ғур1202, Ҳирот) — султон ва сипаҳсолори хонадони Ғуриён (1163–1203), писари Баҳоуддин Соми I ва падари Ғиёсуддин Маҳмуд.

Ғиёсуддин Муҳаммад
Муҷассамаи Ғиёсуддин Муҳаммад дар Душанбе
Муҷассамаи Ғиёсуддин Муҳаммад дар Душанбе
Подшоҳи хонадони Ғуриён
1163 – 1202
Таваллуд 1139
Даргузашт 1202
Мадфан
Падар Баҳоуддин Соми I
Фарзандон Ғиёсуддин Маҳмуд
Эътиқод суннӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар давраи ҳукмронии аввали худ ӯ даъвогаронро ба тахти Ғуриён шикаст дод ва бо Хоразмшоҳ барои ҳукмронӣ дар Хуросон мубориза бурд. Ӯ дар соли 1176 Ҳиротро ишғол кард ва то соли 1200 бар қисми зиёди қаламрави Афғонистон ва манотиқи атрофи он, инчунин дар ғарб то Бастом ва Гургон назоратро барқарор кард. Бародараш Муизуддин Муҳаммад дар идора ва густариши қисмати шарқии давлат (дар Бангола) кумак карда, бо садоқат ва эҳтироми беандоза ба Ғиёсуддин хидмат мекард. Ғиёсуддин соли 1202 вафот кард ва ба ҷои бародараш Муизуддин нишаст.

Зиндагии пешина вироиш

Ғиёсуддин соли 1139 таваллуд шудааст; ӯ писари Баҳоуддин Соми I буд, ки дар соли 1149 ба муддати кӯтоҳ ба ҳайси подшоҳи сулолаи Гуриён ҳукмронӣ кард. Ғиёсуддин як бародари хурдӣ бо номи Муизуддин низ дошт. Ғиёсуддин дар ҷавонӣ ҳамроҳи Муизуддин аз ҷониби амакаш Алоуддин Ҳусайн зиндонӣ шуда буд, вале баъдтар писари Сайфуддин Муҳаммад ӯро озод кард.[1] Вақте ки Сайфуддин дар соли 1163 даргузашт, ашрофони Ғурӣен Ғиёсуддинро дастгирӣ намуда, барои ба тахт баромадани ӯ кумак карданд.

Собиқаи шуғлии ҳарбӣ вироиш

Вақте ки Ғиёсуддин ба тахт нишаст, бародараш Муизуддин ба ӯ барои куштани рақиб, сарвари ғуриён бо номи Абул-Аббос кумак кард. Аммо бахсу мунозираҳои оилавии гуридхо бо хамин тамом нашуд. Дере нагузашта Ғиёсро амакаш Фахруддин Масъуд (? — 1163), ки даъвои тахт шуда, бо Тоҷуддинини Юлдуз, волии Салҷуқиҳои Ҳироту Балх иттифоқ меуфтад, ба баҳс кашид. Ғиёсуддин дар ин ҷанг ҳокими Салҷуқиёнро шикаст дода кушта, сипас ба забт кардани Заминдавор, Бодғис, Ғарҷистон ва Ҷӯзҷон меравад. Фахруддинро бахшида, уро ба вазифаи волии Бомиён баркарор намуд. Баъдтар Фахруддин вафот кард ва ба ҷои писараш Шамсуддин Муҳаммад ибни Масъуд (1163—1192) тахти фармонравоӣ шуд, ки ба зуди Балх, Чағониён, Вахш, Ҷарум, Бадахшон ва Шуғнонро аз давлати хонии Қароқитой забт кард. Ва ба ин васила аз Ғиёсуддин унвони султон гирифт.[2]

Соли 1173 Ғиёсуддин ба Ғазнӣ ҳамла кард ва туркҳои оғузро, ки шаҳри Ғазнавиёнро ишғол карданд, шикаст дод. Пас аз он бародараш Муизуддинро ҳокими Ғазнӣ таъйин кард[3]. Дар давоми ду сол он аз тарафи Ҳирот ва Пушанг аз ҷониби ҳокими Салҷуқӣ Баҳоуддин Туғрул забт карда шуд. Дере нагузашта ҳокими Систон Тоҷуддини Ҳарб ибни Муҳаммад ва туркҳои оғуз, ки Кирмонро дар ихтиёр доштанд, ҳокимияти Ғиёсуддинро эътироф карданд.[4]

Соли 1186 Ғиёсуддин ҳамроҳи Муизуддин Муҳаммад сулолаи Ғазнавиёнро несту нобуд карда, Лоҳурро забт кард ва дар он ҷо ҳокими Ғазнавиён Хусрав Малик ба қатл расид[5][6]. Ғиёсуддин дар соли 1190 бо кумаки ҳокимони Бомиён, Сиистон ва бародараш Муизуддин лашкари Султоншоҳро дар Марв торумор кард. Ӯ инчунин қисми зиёди қаламравҳои охиринро дар Хуросон ба худ даровардааст. Дере нагузашта дар байни Хоразмшоҳхо ва Гуриён ҷанг cap шуд. Такаш ба Ҳирот, Қароқитойҳо ба Гузгон ҳамла карданд. Вале хар ду аз Ғиёсуддин маглуб шуданд.

Даргузашт вироиш

11 феврали соли 1202 Ғиёсуддин Абулфатҳ Муҳаммад дар Ҳирот вафот кард. Ҷонишини ӯ бародараш Муизуддин, ки зуд аз Ҳиндустон ба Ғур баргашт ва ба пуштибонии ашрофзодаҳои Ғуриён муроҷиат кард. Ӯ дар Фирӯзкӯҳ ба унвони Султони Императори Ғуриён тоҷ бардошт.

Эзоҳ вироиш

  1. History of Civilizations of Central Asia, C.E. Bosworth, M.S. Asimov, p. 186.
  2. History of Civilizations of Central Asia, C.E. Bosworth, M.S. Asimov, p. 189.
  3. The Iranian World, C.E. Bosworth, The Cambridge History of Iran, Vol. 5, ed. J. A. Boyle, John Andrew Boyle, (Cambridge University Press, 1968), 161—170
  4. Encyclopedia Iranica, Ghaznavids, Edmund Bosworth, Online Edition 2007,
  5. The Iranian World, C.E. Bosworth, The Cambridge History of Iran, Vol. 5, ed. J. A. Boyle, John Andrew Boyle, (Cambridge University Press, 1968), 161—170.
  6. electricpulp.com GHAZNAVIDS — Encyclopaedia Iranica. www.iranicaonline.org.

Адабиёт вироиш