Ғулом Гармонӣ — сароянда ва мутриби мардумии ҳавзаи ҳунарии Бухорову Самарқанд (охири садаи XIX-аввали садаи XX).

Ғулом Гармонӣ

Зиндагинома вироиш

Зодгоҳаш Бухоро. Аслан дар ҳамин шаҳр кору зиндагӣ кардааст. Дар навохтани гармон шуҳрат дошт. Таснифоти мусиқии устодона (мақомҳо) ва мардумиро дар ҳамовозии ин соз манзури мардум мекард. Дар сурудани шохаҳои ҷудогонаи «марвӣ» низ шуҳрати хос дошт. Бо иҷрои порчаҳои достонҳову қиссаҳо дар маросимҳои мардумии Каркию Марв, Миёнколоту Самарқанд ҳам ном бароварда буд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Таджикское искусство. М., 2003; Таджикская музыка. Д., 2004.

Сарчашма вироиш