Қасри фарҳанги Арбоб – яке аз қасрҳои бошукӯҳи фарҳангӣ ва санъати хосаи меъморию тасвирии вилояти Суғд мебошад, ки дар ноҳияи Ғафуров ҷойгир шудааст.

Қасри Арбоб

Санъати меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, наққошӣ ва кандакорӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим дар байни тоҷикон хеле дар ривоҷ буда, осори онҳо дар таърихи маданияти мо ҷои махсусро ишғол мекунад. Дар байни санъатҳои нафиса санъати меъморӣ яке аз зеботарин, мураккабтарин ва қадимтарин намудҳои санъат аст. Халқи тоҷик анъанаҳои бои санъати меъморӣ дорад. Қалъаҳои шаҳрҳои Хуҷанду Ҳисор, Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро, нақшу нигори Панҷакенти қадима, Шаҳристони асримиёнагӣ, мақбараи Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, Ҳазрати Шоҳ дар Исфара, мадрасаҳою масоҷид дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистони соҳибистиқпол, ки аз гузашта мерос мондаанд, намунаи барҷастаи ин маданият ба ҳисоб меравад.
Дар қатори иншоотҳои пурмуҳташами меъмории асри бисти тоҷик қасри маданияти хоҷагии ҷамоавии ба номи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаевро ном мегиранд.

Ин қаср аз номи теппае, ки дар он бунёд ёфтааст Қасри фарҳанги Арбоб ном гирифтааст ва боҳашамату санъати хосаи меъморию тасвирӣ шуҳраташ аз ҳудудҳои ҷумҳурӣ берун рафт.
Номи қаср бо шарофати дар он баргузор гардидани Иҷпосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вирди забонҳо гашта, имрӯз аз ҳарвақта бештар таваҷҷуҳи халқро сазовор гаштааст. Маҳз дар ҳамин иҷпосия низоми давлатдорӣ ва сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва роҳбарияти нави давлат ба сари қудрат омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин қаср, дар иҷпосияи зикрёфта Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳаёти имрӯзаи мамлакат дуруст ва оқилона будани интихоби ҳамонвақтаи роҳбари давлатро исбот кардааст.

Таърихи Қасри Арбоб вироиш

Таърихи сохтмони Қасри Арбоб ба охири солҳои 40-уми асри гузашта рост омада, бо раванди муттаҳидшавии хоҷагиҳои ҷамоавӣ алоқаманд аст. Соли 1949 колхозҳои Молотов ва Ворошилов ноҳияи Ленинобод муттаҳид шуданду хоҷагии нав номи Ворошиловро гирифт. Барои сохтмони бинои идора ва клуб ҷои муносиб интихоб намудан лозим омад. Рӯзе раис Саидхоҷа Урунхоҷаев ҳангоми аз як минтақа ба дигар минтақа гузаштан ба воситаи теппаи Арбоб меравад ва ин ҳангом ба майнаи ӯ фикри дар ин ҷо сохтани клуб ва идора пайдо мешавад.

Қиссаи воқеоти таърихи Қасри Арбоб вироиш

Дар остонаи ҷашни чиҳилсолагии Инқилоби Октябр, яъне 6 ноябри соли 1957, Кохи фарҳанги колхози «Москва» бозкушоӣ шуд. Ҳарчанд корҳои дигар, аз ҷумла сохтусоз ва танзими фаввораҳо, ҳоло ба охир нарасида буд, вале ба ҳар ҳол бозгушоии ин Кохи бузург барои хосу ом як падидаи тамоман нав ва саҳифаи тозае дар меъмории Осиёи Миёна ба шумор мерафт.

Рӯзномаҳои «Коммунист Таджикистана» ва «Тоҷикистони советӣ» ба муносибати бозгушоии Кохи фарҳангии колхози «Москва» мақолаҳои муфассалтар чоп карда, аксҳо гуногунеро низ дар ихтиёри хонадагон қарор доданд. Аммо дар Душанбе баробари бозгушоии Кохи фарҳангии колхози «Маскав» масъалаи ҳаққи мусаллами меъмори он ранги дигар гирифт. Дар доираҳои ҳукуматӣ аз он ки номи меъмори ин Кохи бузург - Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев бояд ба дасти фаромӯшӣ супурда шавад ва ба ҷои номи ӯ бояд «хидмати арзандаи Нахуствазир» бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад ва дар ояндаи на чандон дур масъалаи ба Ҷоизаи Давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ пешниҳод кардани сохтмони Кохи Арбоб ва нақши асосии Нахуствазир дар ин самт сухан рафт. Гӯиё мемори ин Кохи боҳашамат ва бошукӯҳ аслан вуҷуд надошт ва агар ҳам буд бояд бо хоҳиши худаш канор мерафт ва ҷойро барои шуҳратхоҳон холӣ мекард. Нахуст, як сол пеш аз ин воқеа Бобоҷон Ғафуров аз вазифаи Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон истеъфо дода, ба кори дигар - Раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ гузашта буд ва дигар аз Ҳ. А. Юлдошев пуштибоние ба амал оварда наметавонист. Дуввум, ҳам Муншии якуми км ҲКТ Турсун Ӯлҷабоев ва ҳам Нахуствазир барои рӯгармӣ ва матраҳсозии хеш дар назди хоҷагони маскавиашон лозим ба «фошсозии омилони шахспарастӣ» дар Тоҷикистон доштанд ва номи Ҳ. А. Юлдошев барои ин кор беҳтарин гузида буд, зеро бо як тир ду ҳадаф мезаданд: ҳам садоқати худашонро ба Маскав нишон медоданд ва ҳам меъмори Кохи Арбобро аз сари роҳ бармедоштанд. Ниҳоят, бо амри тасодуф маҳз дар нимаи дуввуми соли 1956 дар шаҳри Ленинград бозрасҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ устохонаи ғайриқонуниеро кашф карданд, ки дар он ҷо барои сохтани фаввораҳо маводи асосӣ-асбобу ускунаҳо омод мешуд. Бозрасҳо ба дари устохона муҳр ва қуфл заданд ва соҳиби устохона дар пайгарди қонунӣ қарор гирифт.

Соҳиби ин устохонаи меъморӣ муҳандиси бисёр боистеъдоди фаввораҳои Кохи Арбоб буд, ки Ҳ. А. Юлдошев барои анҷоми корҳои асосӣ - сохтани ҳамаи қитъаоти (ҷузъ, ҷузъиёт, ҷузъҳо, детали) фаввораҳо муваззаф карда буд. Азбаски омода ва сохтани ҷузъҳои фаввора ва ба таври куллӣ маҷмӯъаи фаввораҳои Кохи Арбоб кори заҳматталаб ва ниёз ба воситаҳои техникии пешрафтаи он замон ва коргарони ин соҳа дошт ва он солҳо дар Ленинобод (Хуҷанд) ин имкониятҳо вуҷуд надошт, қарор бар ин шуд, ки ҳамаи қитъаоти фаввораҳо дар шаҳри Ленинград ва бо назорати бевоситаи муҳандис сохта шавад ва аз он ҷо мустақиман ба Кохи Арбоб биёоваранд ва насб кунанд. Дар чунин ҳолат ҳам вақт камтар сарф мешуд ва ҳам ҳазинаҳои сохти ҷузъҳои фаввораҳо арзонтар меафтод. Бо дарназардошти ҳамин мақосид муҳандиси фаввораҳо устохонаи худро таъсис дода, чанд нафар коргари ботаҷрибаро ба кор истихдом кард ва онро мувофиқи қавонини ҳамон замон ҳамчун як бахши кории (звено) колхози «Маскав» ба қалам доданд. Ҳ. А. Юлдлшев сохти ҷузъҳои фаввораро ба ин устохона суфориш дод. Дар ҳеч яке аз санади ҳамкорӣ бо устохонаи сохти ҷузъҳои фаввора имзои Ҳ. А. Юлдошев нест, балки ҳамаи корҳои суфоришӣ ва пардохти ҳаққулзаҳмати ҳам муҳандис ва ҳам коргарон бо муҳру имзои Раиси колхоз ва сармуҳосиб анҷом шуда буд.[1]

Ба ҳар ҳол пас аз бозгушоии парванда дар мавриди устохонаи ғайриқонунии қитъаоти фаввораҳо муҳандис тавонист ҳамаи далелҳои парвандаро несту нобуд кунад ва ин кор ба шакли хеле сода анҷом шуд: устохона ба ҷуз дари асосӣ боз як дари хилват (пинҳонӣ) низ дошт, ки ҳангоми муҳр задании дари асосӣ бозрасҳо аз он хабар надоштанд. Муҳандиси фаввораҳо ҳамаи қитъаоти омода ва сохташударо аз ҳамин дари пинҳонӣ берун оварда, дар вагони қатори боркаш бор карда, муҳр зад ва ба нишонии колхози «Маскав»-и ноҳияи Ленинобод фиристод ва ду барқия -яке ба номи Ҳ. А. Юлдошев ва дигаре ба номи Раиси колхози «Маскав» Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев фиристода, асли қазияро ба онҳо хабар дод ва хоҳиш кард, ки бори фиристодаро сари вақт бигиранд ва дар масъалаи аз ҷавобгарии қонунӣ раҳонидани ӯ кӯшиш кунанд. Худи муҳандис то замони рӯшан шудани қазияи аз ҷавобгарии қонунӣ озод шуданаш дар пинҳонӣ ба сар хоҳад бурд…

Раҳбарияти колхози «Маскав» бо сарварии С. Ӯрунхоҷаев барои раҳоии муҳандиси фаввораҳо ба Кумитаи вилояти ленинободии Ҳизби коммунист бо пешниҳоди бисёр аҷиб муроҷиат кард: азбаски муҳандис барои кори сохти фаввораҳо машғул буд ва ин кор ҳамчун звенои колхоз бо шартномаи тарафайн анҷом шудааст ва ҳеч хилофкории иқтисодие рух надодааст, аз Кумитаи вилояти ленинградии Ҳизби коммунист хоҳиш карда мешавад, ки масъалаи муҳокима ва муҷозоти муҳандисро дар ихтиёри фаъолони колхоз бигузорад. Кумитаи вилояти ленинградии Ҳизби коммунист пас дарёфти ин дархост ба он ризоият дод ва муҳандиси фаввораҳо дар Ленинобод «муҳокима» шуд ва муддате баъд бо муносибати ҷашни 40-солагии Инқилоби Октябр афв гардид. Аммо ҳамин маврид дертар ба номи Ҳ. А. Юлдошев нисбат дода шуд ва бо ҳар баҳонае чунин корро хилофи қонун донистанд ва аз ӯ чанд бор бозҷӯиҳо анҷом доданд. Ҳарчанд дар ҳеч яке аз санади ҳамкорӣ бо муҳандиси фаввораҳо ном ва имзои Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев нест. Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев ба ҳайси меъмор танҳо тарҳи асосии фаввораҳоро пешниҳод карда, ба кори сохти онҳо назорат дошт. Масъалаҳои пардохти ҳаққулзаҳмати муҳандиси фаввораҳо ва коргарони ба он ҷалбшуда дар инҳисори Раис ва сармуҳосиби колхоз буд ва дар ин сохтусоз ҳеч хилофкорӣ ё фасоди молӣ ҷой надошт. Сониян, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муҳандиси фаввораҳо боз шуда буд, на нисбат ба меъмори Кохи фарҳангии колхози «Москва» (пасон колхози ба номи С. Ӯрунхоҷаев ва имрӯз Арбоб) Ҳ. А. Юлдошев.[1]

Барои дар назари хоҷагони маскавӣ ва авом «бадном» кардани Ҳ. А. Юлдошев боз як баҳонаи хуб пайдо карданд: гӯиё Ҳ. А. Юлдошев нафақаи (алимент) фарзандон аз издивоҷи нахустинро сари вақт напардохтааст. Ҳамин баҳона сабаб шуд то нисбат ба Ҳ. А. Юлдошев парванда боз шавад ва номбурда мавриди пайгарди қонунӣ қарор бигирад. Аммо ҳангоми бозрасӣ мушаххас шуд, ки Ҳ. А. Юлдошев нафақаи фарзандонро сари вақт ва ҳатто барзиёд пардохтааст. Лекин бояд дар назар дошт, ки он солҳо радия нисбат ба дурӯғҳо, ки дар матбуоти коммунистӣ нашр мешуд, аслан рӯи чопро намедид. Бо дурӯғпароканӣ дар назари умум чеҳраи меъмори барҷаста бисёр харош (хадша) пайдо кард…

Соли 1957 дар интишороти китоб - албоми Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев - «Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо» аз чоп баромад. Нашри ин китоб муддате Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошевро аз таъқибот боздошт.

Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда аз оғози соли 1957 зиндагии душвору пур аз машаққати Ҳ. А. Юлдошев сар шуд. Ибтидо ӯ дар манзили дӯстонаш дар шаҳрҳои Маскав ва Ленинград зиндагонии пинҳонӣ ихтиёр кард. Ҳамсараш - Софья Саъдинисо Ҳафизовна Ҳакимова дар докторантураи Фарҳангистони улуми тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ дар остонаи дифои рисолаи илмӣ буд ва 2.06.1957 дар зоишгоҳи №4 (кӯчаи Цвояново) Маскав духтарчаи дӯстрӯе дунё овард, ки номашро «Дилбар» (Дилбар Ҳакимова) гузоштанд. Тамомии тарсу ҳарос ва нигарониҳо аз рӯзи оянда, ки он сол Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев ва ҳамсараш дар фикру зикр доштанд, ба ин духтарча ҳамчун мерос-хулқу хӯи ирсӣ боқӣ монд ва сарнавишти падару модар андаке бо ранги дигар, вале ба ҳамон мазмун, дар симои ӯ таҷассум гардид… [1]

Лоиҳа вироиш

Лоиҳа дар институти лоиҳакашии «Тоҷикпроект»-и шаҳри Душанбе тайёр карда шуд. 20 марти соли 1950 дар маҷписи умумии колхозчиён бо иштироки 1921 намоянда лоиҳаи бинои Қасри маданият, ки онро меъморон Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев ва Иван Линде тайёр карда буданд, муҳокима гардид. Ҳангоми муҳокима таклиф карда шуд, ки ба он баъзе дигаргуниҳо дохил карда шуда, аз ҷумла намуди берунии бино зеботар карда шавад. 20 октябри соли 1950 колхозчиён дубора лоиҳаро муҳокима карданд. Дар аввал толор бо 800 ҷои нишаст ва се бинои алоҳида пешбинӣ шуда буд. Дар нусхаи дуюм ва охирин, ки Х.А. Юлдошев кор карда баромад се бино якҷоя шуда буданд ва рӯи ҳавлии бино намуди амфитеатрро мегирифт. Лоиҳаро моҳи ноябри соли 1950 маҷписи умумии колхозчиён тасдиқ кард ва ба сохтмони Қасри Арбоб иҷозат дода шуд.
Дар бобати Қасри Арбоб китоби «Арбобнома»-и Маҳкамҷон Самеъбоев (Хуҷанд-2001, Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил) сарчашмаи боэътимод аст, зеро ки худи муаллиф солҳои зиёд дар ин хоҷагӣ чун муҳандиси сохтмон фаъолият бурдааст. Бар замми ин М.Самеъбоев аз синни 25-солагӣ, яъне аз аввали сохтмони Қасри Арбоб чун муҳандис-меъёргузор то охири умр дар як вазифа кор кард. Мувофиқи навиштаи муаллиф ҷойи сохтмони қасрро худи С.Ўрунхоҷаев интихоб карда будааст: ин теппаи Арбоб буд ва аз ин баландӣ тамоми ҳудуди хоҷагӣ ба чашм намоён мегашт. Сохтмони қаср моҳи феврали соли 1951 оғоз ёфт. Сардори сохтмон худи С.Ўрунхоҷаев, сармуҳандис Мочалов Виктор Павлович, меъмор-лоиҳакаш Ҳикмат Юлдошев буданд. Санги аввали биноро моҳи апрели соли 1951 Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузоштаанд. Ҳамаи маводи сохтмон асосан дар ҳудуди хоҷагӣ истеҳсол мегашт. Колхозчиён ду хумдони хиштпазӣ сохтанд, ки дар як моҳ 20.000 дона хишт мепухт (устои хиштпаз Мирзошариф Исмоилов). Дар худи ҳамин ҷо хумдони оҳакпазӣ сохтанд, ки дар 15 рӯз 10 тонна оҳаки тоза медод. Сохтмони қаср ба ҳашари умумии колхозчиён табдил ёфт. Махсусан, ҷавонон ташаббуси хуб нишон дода, дар рафти сохтмон бисёр ҳунарҳои бинокориро омӯхтанд. Дар он 8 бригадаи маҳаллӣ кор кардаанд. Усто Ширин Муродов, Мирумар Асадов, Иван Семёнов, Валентин Раглис, Макс Плоткин, Абдулло Ҷалолов, Абдуқаҳҳор Холматов, Абдувалӣ Ғаниев, Лев Дорн, Сергей Захаров дар минтақаҳои кори худ пешсаф буданд.[2]

Дар сохтмони азими Қасри Арбоб дар баробари мардуми маҳаллӣ намояндагони дигар халқу миллатҳо ҳам иштирок кардаанд. Чунончӣ, муҳандис Виктор Павлович Мочалов, рассом Сергей Ефимович Захаров бо оилааш, сардори бригадаи барқчиён Валентин Риглис, механик Иван Титов, сардори бригадаи монтажчиён Лев Дорн, устои қандилсоз Макс Плоткин, қумпардозгар Иван Семёнов ва дигарон саҳми арзандаи хешро гузошта буданд. Саидхоҷа Урунхӯҷаев барои ёрӣ аз Ленинград олимон, рассомон, ҳайкалтарошонро даъват намуд. Устохонаҳои рангуборпазӣ, гаҷкорӣ, ҳайкалрезӣ ва лабораторияҳои махсус ташкил шуданд. Дар онҳо таҷрибаи устодони маҳаллӣ бо комёбиҳои илм пайваст карда мешуд. Бояд қайд кард, ки устоҳои аз Ленинград омада, кори устоҳои маҳаллиро дида хеле писандиданд.
Ба сохтмони қаср рассоми намоён ва наққоши тарзи монументалӣ Сергей Ефремович Захаров даъват шуда буд. Вай роҳбари умумии корҳои ороиши қаср буд ва дар як вақт сақфи толорҳои чойхонаи зимистонаро якҷоя бо ҳамсараш Мария Акбаровна Захарова наққошӣ мекард.
Қасри бошукӯҳ дар арафаи 40 - солагии Октябри Кабир, 6 ноябри соли 1957 пурра ба истифода дода шуд. Комиссияи қабул бо баҳои «аъло» бинои Қасри маданиятро қабул намуд. Рӯзи маросими ифтитоҳи Қаср теппаи Арбоб ба идҷои бузурги халқӣ табдил ёфт.
Аз рӯи лоиҳа ба сохтмону ҷиҳозонидани Қасри маданият камаш 50 миллион сӯм сарф мешуд. Аммо аз сабаби он, ки қасрро асосан худи колхозчиён бо усули ҳашар сохтанд, ба он ҳамагӣ 12 миллион сӯм масраф гардид. Ин ба ҳисоби пули соли 1961-ӯм 1 миллиону 200 ҳазор сӯм буд. Аз рӯзҳои кушодашавӣ то имрӯз Қасри Арбоб «Петергофи Унҷӣ», «Петродворетси хурд»-ро гирифтааст.
Бояд қайд кард, ки тамоми сохтмони ин иморати баланд бе кранҳои борбардор ва умуман бе ёрдами техникаи ҳозиразамон, балки бо усули халқӣ сохта шудаанд. Як ҷузъи пайвасти Қасри маданият фаввораҳои саҳни беруни он мебошад. Фаввораҳо ба ҳусни Қаср ҳусн зам мекунад. Як худи фаввораи болоӣ дорои сад лӯлаи оббардор буда, дохили ҳавзи онро кӯракҳои лола зеб медиҳанд. Агар чароғакҳои дохили ҳавз равшан шавад, оби фаввораҳо рангоранг шуда, манзараи беандоза зебое ба вуҷуд меояд. Лоиҳаи фаввораро мутахассисони Ленинград тайёр намудаанд.
[1]

Ороиши даромадгоҳи Қаср вироиш

Ороиши даромадгоҳи Қаср ва саҳни он бинандаро ба ҳайрат меорад. Дар зери ҳамаи тирезаҳои тарафи саҳн, дар пештоқи даромадгоҳи марказӣ, дар байни нақшҳо аз осори шоирони асри X сар карда то шоирони барҷастаи имрӯз байту рубоиҳо сабт карда шудаанд. Дар ин ҷо каломи ширину оташини Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Робияи Балхӣ, Низомии Ганҷавӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хисрав, Ҷомӣ, Навоӣ, Биноӣ, Ҳилолӣ, Зебуниссо, Боботоҳири Ҳамадонӣ, Асирӣ, адибони рус Пушкин, Горкий, Маяковский, Белинский, инчунин намунаҳои осори С.Айнӣ, М.Турсунзода, Р.Ҷалил, М.Аминзода, А.Шукӯҳй ва дигар шоирону нависандагон сабт гардидааст.
Ороиши дохили бино дар ҳақиқат намунаи барҷастаи эҷодиёти халқ ва санъати меъморию наққошӣ мебошад. Дар ин бинои боҳашамат хонае, нест, ки бо гаҷкорӣ зиннат дода нашуда бошад. Нақшҳои хурду калон то ба дараҷае мураккаб ва ҷолиби диққатанд, ки бинандаро ба завқ меоранд. Ин корро устоҳои бомаҳорати тоҷик, усто Ширин Муродов ва шогирди беҳамтояш Мирумар Асадов иҷро кардаанд.

Макони тамошогоҳ вироиш

Воқеан Қасри Арбоб бо шарофати баргузор гаштани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳбубияти баландро соҳиб гашта, вирди забони хурду бузург гардидааст. Имрӯзҳо мавзеи Қасри Арбоб мақоми таърихӣ, ҷойи истироҳатӣ ва тамошогоҳи сокинони маҳалливу хориҷӣ гардидааст.

Аксҳои осорхона вироиш

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш