Қодир Қодиров (Қодиров Қодир Бозорович; 15 марти 1951, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 24 июни 2018, Душанбе, Тоҷикистон) — омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ (2000), профессор (2009), узви вобастаи АТТ (2005), узви пайвастаи АТТ (2012), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002).

Қодир Қодиров
Қодиров Қодир Бозорович
Таърихи таваллуд 15 март 1951(1951-03-15)
Зодгоҳ ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 24 июн 2018(2018-06-24) (67 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1973)
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002)

Зиндагинома вироиш

Қодир Қодиров хатмкардаи факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1973), академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2014) мебошад[1].

Фаъолияти меҳнатӣ вироиш

Қодиров Қодир Бозорович солҳои 1973—1975 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сифати тарҷумон, сипас муаллими калони ИДПК ба номи А. Рӯдакӣ (1975—1979) фаъолият намудааст. Хидмат дар сафҳои Армияи Шӯравӣ (1979—1982). Аспиранти ИДПД ба номи Т. Г. Шевченко (1983—1986), муаллими калон, мудири кафедраи педагогикаи таълими ибтидоии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (1987—1994) ва ходими калони илмии ДДОД ба номи Қандил Ҷӯраев (1994—1996), мутахассиси пешбар, сармутахассис, муовини сардори идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, сардори идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996—2006), ноиби аввали ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон оид ба таълим (2006—2011). Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2011—2015). Аз соли 2015 сардори шуъба дар АТТ[1].

Қодир Қодиров ба сифати намояндагӣ аз Вазорати маорифи ҶТ иштирокдори якчанд конфронсу семинарҳои байналмилалӣ дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон (1991), Қазоқистон (1998), Ӯзбекистон (2001), Япония (2002), Хитой (2005), Туркия (2009) оид ба масъалаҳои низоми кредитии таҳсилот, идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон буданд ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Қодир Қодиров аз соли 2002 инҷониб узви Шӯроҳои дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 13.00.01 — педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ), инчунин муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогӣ буд.

Қодир Қодиров муаллифи 8 монографияи илмӣ, китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ ва муаллифи зиёда аз 120 мақолаҳои илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 20 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуданд.

Асару мақолаҳои зиёди академик Қодир Қодиров ба паҳлуҳои гуногуни илми педагогикаи муосир, инкишофи соҳаи маориф дар солҳои истиқлол, ворид намудани технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ ба ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, амалӣ намудани низоми кредитии таҳислот, зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ ба дониш, маҳорат, ва малакаҳои хонандагон ва ғайра бахшида шуданд.

Ҷоизаҳо вироиш

Академик Қодир Қодиров бо ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, соли 2015 бо медали 10-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 бо медали 20-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2017 бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи августи соли 2017 академик Қодир Қодиров Бозорович ба гирифтани унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид[1].

Дорандаи нишони сарисинагии Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002).

Осор вироиш

  • Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тоҷикон аз замонҳои қадим то зуҳури ислом, Д., 1998;
  • Тарбияи шахсият ва ташаккули сифатҳои ахлоқӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, Д., 2001;
  • Таълимоти маорифпарварӣ дар таърихи афкори иҷтимоии халқи тоҷик, Д., 2006;
  • Афкори педагогии ҳамасрони Рӯдакӣ (бо шариктаълиф), Д., 2008.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

  • Донишномаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф (ДПРМ). — Д.: «ПРМ АТТ», 2013.