Қу (лот. Cygnus) — ҷинси парранда аз қатори қозшаклҳо оилаи мурғобиҳо.

Қу
Лебедь-шипун приземляется на воде
Лебедь-шипун приземляется на воде
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Cygnus Bechstein, 1803
Навъҳо

Тавсифот вироиш

Дарозии танааш то 180 см, вазнаш то 13 (баъзан то 22) кг. Дарозии гарданаш ба дарозии танааш баробар ё аз он зиёдтар аст. Ду ҷинси қу — қуи сиёх ва қуи аслӣ маълум аст.

Вазнаш то 12 кг. Қуи кликун нисбатан хурдҷусса буда, дар ҳудуди Тоҷикистон ҳам баъзе солҳо зимистон мегузаронад.

Қуи тундраӣ дар тундра зиндагӣ мекунад; дарозии танааш қариб 120 см, вазнаш то 7 кг.

Қуи модина 5—7 (баъзан то 12) тухм мегузорад ва 35—40 шабонарӯз пахш мекунад; Қуи нарина модина ва чӯҷаҳоро мухофизат менамояд. Ҷуфти қу муддати дароз хамроҳ зиндагӣ мекунаяд. Қу хуб шино мекунад, вале ғӯта зада наметавонад, бинобар ин ғизоро дар ҷойҳои тунукоб меҷӯяд. Рустаниҳои дар обу соҳил буда, баъзан бемуҳрагони обиро мехӯрад.

Қуро бисёр вақт дар ҳавзҳои боғи ҳайвонот нигоҳ медоранд. Дар Боғи ҳайвоноти Душанбе низ ҳаст. Онро асосан барон тибиту пари сабуку гармаш (гӯшташ сахти бемазза) шикор мекунанд. Дар Тоҷикистон шикори қу манъ аст.

Эзоҳ вироиш