Қурбон Расулов — файласуф ва сиёсатшиноси тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1990), профессор (1991), собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (19952005).

Қурбон Расулов
Қурбон Расулович Расулов
Таърихи таваллуд 19 январ 1947(1947-01-19)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ
Таърихи даргузашт 9 октябр 2007(2007-10-09) (60 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа, сиёсатшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои сиёсатшиносӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1997)

Зиндагинома вироиш

Қурбон Расулов 9 октябри соли 2007 пас аз маризии дароз аз дунё даргузашт.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муаллифи 4 рисолаи илмӣ, 7 китоби илмию оммавӣ ва зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Мавзӯи асосии таълифотҳои ӯро масъалаҳои экологӣ ва глобалии ҷаҳони муосир, шароитҳои таърихӣ ва омилҳои асосии ба даст овардани истиқлоли миллӣ ташкил медиҳанд. Ӯ дар тарбияи мутахассисони соҳаи фалсафа ва сиёсатшиносӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Солҳои 1998–2007 вазифаи раиси Шӯрои дифои диссертатсионии илми сиёсиро, ки дар донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият мекард, ба уҳда дошт.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1997) ва ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Осор вироиш

  • Ҷанбаҳои иҷтимоии проблемаҳои экологӣ (бо забони русӣ), Д., 1989;
  • Социальные аспекты экологических проблем, Д., 1989;
  • Экология ва замони мо (бо забони русӣ), Д., 1999;
  • Саҳми давлати Сомониён дар пешрафти афкори сиёсӣ-илмӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ, Д., 1999;
  • Экология и современность, Д., 1999;
  • Баъзе масъалаҳои экологии Тоҷикистон, Д., 2000;
  • Равандҳои миллӣ ва сиёсии истиқлоли Тоҷикистон, Д., 2001;
  • Асосҳои фалсафа, Д., 2004;
  • Асосҳои фалсафа, Д., 2005.

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш