Қурбон Ҳакимзода (1 апрели 1966, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик, номзади илмҳои кишоварзӣ.

Қурбон Ҳакимзода
Таърихи таваллуд: 1 апрел 1966(1966-04-01) (58 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: сиёсатмадор

Зиндагинома вироиш

Қурбон Ҳакимзода 1 апрели соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро дар соли 1988 хатм кардааст.

Корнома вироиш

  • 1988—1993 — Агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаев, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  • 1993—1995 — Раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия», ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  • 1995—1996 — Муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия», шаҳри Хуҷанд
  • 1996 (07-09) — Мутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии ҳукумати вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • 1996—1999 — Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • 1999—2002 — Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • 2002—2004 — Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  • 2004—2006 — Муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • 2006 (02-12) — Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • 2006—2008 — Муовини раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • 2008—2010 — Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд
  • 2010—2013 — Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон
  • 2013—2018 — Муовини якуми раиси вилояти Хатлон
  • 2018—2019 — Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2019—2023 — Раиси вилояти Хатлон.
  • аз 2023 — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон[1]

Аз 17 апрели соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI мебошад.[2]

Эзоҳ вироиш