Ҳабибулло Назаров (15 августи 1907, деҳаи Тӯда, ноҳияи Ҳисор — 25 январи 1978, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1958).

Ҳабибулло Назаров
Таърихи таваллуд: 15 август 1907(1907-08-15)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 25 январ 1978(1978-01-25) (70 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда, филмноманавис, шоир
Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома вироиш

Ҳабибулло Назаров 15 августи соли 1907 дар деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст.

Фаъолияти меҳнатияш аз соли 1927 оғоз ёфтааст. Даставвал чӯпон буда, баъдан раиси шӯрои камбағалон, котиб ва ҷонишини раиси деҳшӯро, котиби созмони комсомолӣ ва раиси ҷамъияти кишоварзӣ таъйин шудааст. Дар курсҳои маҳви бесаводӣ ва мактаби шабона таҳсил кардааст. Солҳои 1938—1941 дар Академияи умумииттифоқии ҳуқуқ таҳсил карда, соли 1950 Институти ҳуқуқшиносии Маскавро ба итмом расондааст. Аз соли 1935 дар сохторҳои гуногуни мақомоти ҳуқуқи ҷумҳурӣ кор карда, то мансабҳои ҷонишини вазир ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Тоҷикистон расидааст. Борҳо вакили мардумӣ дар порлумони ҷумҳурӣ интихоб шудааст. Соли 1958 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Ҳабибулло Назаров 25 январи соли 1978 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт вироиш

Муаллифи китобҳои шеърии «Барои сулҳ» (1956), «Қалами озод» (ба забони русӣ, 1960), «Бахти ҷовидон» (1962) аст. Соли 1958 дар моҳномаи «Шарқи Сурх» қиссаи «Дар ҷӯстуҷӯи Карим-Девона»-и ӯ мунташир гардидааст, ки баъдан ба забонҳои русӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шуда, ба муаллиф шуҳрати калон овардааст. Соли 1965 қиссаҳои «Юлдош-Командир» ва «Ало ва Тарғел»-аш чоп шудаанд. Романҳои «Мирзо Ризо» ва «Баландии 144» аз маҳорати баланди нависандагии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Соли 1971 (дар ҳамқаламии Ҷалол Икромӣ) романи ҳаҷвии «Саргузашти Сафармахсум»-ро ба қалам овардааст. Асарҳои беҳтаринаш дар дуҷилдаи «Осори мунтахаб» (1978—1980) ҷамъоварӣ ва чоп шудаанд. Муаллифи филмномаҳои «Ҳабиб — ромкунандаи мор» (дар ҳамқаламии В. Максименков, 1973) ва «Муҳосираи Душанбе» (дар ҳамқаламии Д. Булгаков, 1975) мебошад, ки аз ҷониби «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудаанд.

Эҷодиёт вироиш

  • Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»;
  • Ду ордени «Нишони фахрӣ»;
  • Ордени «Дӯстии халқҳо»[1].

Эзоҳ вироиш

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 151—152 ISBN 978-99947-2-379-9