Ҳабиб Юсуфӣ (14 феврал 1916, Самарқанд, генерал-губернатории Туркистон22 феврал 1945, Лаҳистон) — шоир, тарҷумон, мунтаққид, адабиётшинос, Узви Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон (1937).

Ҳабиб Юсуфӣ
Ҳабибулло Юсуфов
Таърихи таваллуд: 14 феврал 1916(1916-02-14)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 22 феврал 1945(1945-02-22) (29 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон, мунтаққид, адабиётшинос
Солҳои эҷод: 1936-1945
Забони осор: русӣ
Аввалин қадам: 1936
Ҷоизаҳо:
Ордени Ситораи Сурх Medal "For the Defence of Leningrad"

Зиндагинома вироиш

Ҳабиб Юсуфӣ — 4 феврали соли 1916 дар м. Боғимайдони ш. Самарқанд ба дунё омадааст. Факултети филологияи УДС (ҳоло — ДДС) ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1940). Муаллими адабиёти қадимаи Юнон ва адабиёти асри ХIХ русии УДС (1939—1940), ходими илмӣ, мудири сектори Инстиути таърих, забон ва адабиёти филиали тоҷикистонии АИ СССР (1940—1942). Иштирокчии ҶБВ-ии солҳои 1941—1945. Соли 1942 ихтиёрӣ ба фронт рафта, дар муҳорибаҳои Ленинград, ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Полша иштирок намудааст. 22 феврали соли 1945, д. Вешкуви назди Варшаваи Полша ҳалок шудааст.

Эҷодиёт вироиш

Шеърҳои аввалинаш, ки дар навъҳои суннатии адабиётамон — ғазалу рубоӣ суруда шудаанд, аз соли 1936 интишор ёфтаанд. Шоири ҷавон бо дили гарму маҳорати фавқулъода навъҳои куҳнаро барои ифодаи мавзӯъҳои нав мутобиқ сохта, бо навиштаҳои ҷаззоби худ собит намудааст, ки дар қолаби лирикаи ишқӣ ҳам ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро инъикос кардан имкон дорад. Ватану ватанпарастӣ аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯст. Шеърҳои «Ишқи Ватан» (1936), «Ба Ватан» (1937), «Ин Ватан зинда дар ҷаҳон мебод», «Мактуб аз Шарқи Дур», «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд» (1938) аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷиканд. Ин мавзӯъ дар эҷодиёти шоир махсусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ инкишоф ва тақвият ёфтааст. Шеъри ӯ даъвати гарму ҷӯшонест ба муҳофизати ватан ва гиромидошти хоки падарон. Шеърҳои ӯ «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар», «Аз ҳавою обу замин», «Интиқом» ва ғ. то имрӯз ҳарорат ва самимияти худро заррае накостаанд. Ҳабиб Юсуфӣ яке аз асосгузорони мактаби тарҷумаи бадеии тоҷик мебошад. Тарҷумаҳое, ки аз назми рус кардааст, то ҳол аз беҳта- ринҳоянд. Асарҳои А. С. Пушкин «Бандии Кавказ» (1938), «Полтава» (1939), «Бародарони ғоратгар» (1939), «Қиссаи шоҳдухтари мурда ва ҳафт паҳлавон» (1940), асарҳои М. Лермонтов «Иблис» (1940), «Черкезҳо» (1941), «Ҳоҷӣ Абрек», «Боярин Орша», «Гуреза» (1941), шеърҳои алоҳидаи И. Крилов, А. Одоевский, Т. Шевченко, В. Маяковский, Ҷамбул ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Шеърҳо, мақолаҳо, номаҳо ва тарҷумаҳои ӯ дар «Маҷмӯаи шеърҳо» (1949, 1962), «Роҳи нотамом» (1973) ва «Сатрҳои нотамом» (1987) гирдоварӣ ва чоп шудаанд. Доир ба назму масоили рушду инкишофи он дар замони нав мақолаҳо навиштааст, ки беҳтарини онҳо «Баҳр дар пиёла» мебошад. Шеърҳояш ба русӣ тарҷума ва дар шакли китоби алоҳида чоп шудаанд. Соли 1967 ғолиби Озмуни умумииттифоқии ба номи Н. Островский дониста шудааст.[1] Муаллифи маҷмӯаҳои

  • «Таронаи Ватан» (1939),
  • «Маҷмӯаи шеърҳо» (1949, 1962),
  • «Роҳи нотамом» (1973),
  • «Сатрҳои нотамом» (1987).

Ҷоизаҳо вироиш

  • Бо ордени «Ситораи Сурх»,
  • «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шудааст.

Некдошти устод вироиш

Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номаш гузошта шудааст.

Эзоҳ вироиш

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 309 ISBN 978-99947-2-379-9

Сарчашма вироиш

  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013. — С. 168