Ҳабси маъмурӣ — яке аз навъҳои ҷазои маъмурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳолатҳои истисной барои баъзе намудҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба муҳлати то 15 шабонарӯз муқаррар ва татбиқ карда мешавад. Ҳабси маъмурӣ аз тарафи суди ноҳиявӣ (шаҳрӣ) таъйин карда мешавад. Ҳабси маьмурӣ нисбат ба занони ҳомила, заноне, ки фарзандони ноболиги то синни 12-сола доранд ва шахсоне, ки ба синни 18-сола нарасидаанд, ба маҷрӯҳони гурӯҳи якум ва дуюм татбиқ карда намешавад (моддаи 31 Кодекси ҶТ дар бораи Ҳуқуқвайронкунии маъмурй).[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 503