Ҳайдаробод (Ҳиндустон)

Ҳайдаробод [7][8][9] (урду: حیدر آباد англ. Hyderabad) — як шаҳрест дар Ҳиндустони Ҷанубӣ, маркази маъмури иёлати 29-и Ҳиндустон Телингоно аст ва инчунин аз 2 июни соли 2014 ҳадди аққал 10 сол пойтахти иёлоти Андра Прадеш боқӣ монадаст, ки як қисми он қаблан иёлати Телингоно буд [10].

Ҳайдаробод (Ҳиндустон)
телугу హైదరాబాద్
урду: حیدر آباد‎
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1592[1]
Масоҳат
Баландӣ
505 ± 1 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:30[d][6]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 040
Нишонаи почта 500001
Коди мошинҳо AP09, AP10, AP11, AP12, AP13, AP28 ва AP29
Вебгоҳи расмӣ
Ҳайдаробод (Ҳиндустон) дар харита
Ҳайдаробод (Ҳиндустон) дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Воқеъ дар назди рӯди Муси. Аҳолӣ 6,8 миллион нафар аст. (2011); дар пойтахти кишвар - тақрибан 7,5 миллион нафар), зичии аҳолӣ 16 990 нафар/ км², масоҳат 650 км².

Таърих вироиш

Шаҳр дар охири асрҳои XVI - XVII ҳамчун пойтахти Голконда таъсис шуда буд. Дар солҳои 17241956 Ҳайдаробод пойтахти мулки феодалии Ҳайдаробод ва макони зисти Низомиҳо буд, аз соли 1956 он пойтахти иёлоти Андра Прадеш аст. Шаҳрро сарварони Муғулҳои Ҳинд бунёд карданд: аз онҳо бисёр қасрҳои зебо, масҷидҳо, қабрҳо, биноҳои истиқоматӣ боқӣ мондаанд. Ҳайдаробод дар муқоиса бо дигар шаҳрҳои Ҳиндустон як шаҳри нисбатан ҷавон аст. Ин шаҳр 400 сол пеш аз ҷониби султони панҷуми мусалмонони сулолаи Қутбшоҳон, Муҳаммад Қули Қутбшоҳ, таъсис ёфтааст, шаҳр номи халифаи одил Алӣ ибни Абу Толиб ки бо лақаби Ҳайдар (шер) машҳур аст, гирифтааст. Ҳайдарободро баъзан "Шаҳри марворид" меноманд, зеро солҳо боз ҷойест, ки шумо метавонед марворидҳои навъҳои гуногунро харидорӣ намоед.

Демография вироиш

Аҳолии Ҳайдаробод бо масоҳати 650 км², 6,809,970 нафар аҳолиро фаро мегирад, ки он чаҳорумин шаҳри бузургтарин дар Ҳиндустон мебошад.[11] Аҳолии тамоми минтақаи пойтахт 7,749,334 нафар аст. Тибқи барӯйхатгирии аҳолии соли 2001, шумораи аҳолии шаҳр 3 637 483 нафарро ташкил медод. Таркиби гендерии шаҳр мувофиқи соли 2011: 945 зан ба 1000 мард ташкил медиҳад [12]. Қисмати аксари аҳолӣ дар маҳалҳои фақирнишин зиндагӣ мекунанд.

Сатҳи маълумотнокии аҳолӣ 82,96% (85,96% мардон ва 74,04% занон) мебошад. Дар байни сокинони маҳалҳои фақир, сатҳи саводнокӣ эҳтимолан хеле паст аст. Зичии аҳолии Ҳайдаробод тақрибан 21.048 нафар/км² аст.[13]. Таркиби мазҳабии шаҳр - 50% аҳолии шаҳрро мусулмонон, 44% - ҳиндуҳо, 2,4% - ҷайнияҳо, 2% - буддоиҳо, 1% - масеҳиён ташкил медиҳанд. Забонҳои маъмултарин телугу, урду ва инглисӣ мебошанд. Қисми аҳолӣ инчунин бо забонҳои ҳиндӣ, банғолӣ, томилӣ, маратҳӣ ва дигар забонҳо ҳарф мезананд.

Иқлим вироиш

Иқлими шаҳр ҳамчун иқлими тропикии Саванна тавсиф карда мешавад. Аксари бориш дар мавсими боронгариҳо - аз июн то сентябр рӯй медиҳад. Ҳарорати ҳадди аксар дар Ҳайдаробод ки 2 июни соли 1966 ба қайд гирифта шудааст, 45,5° С-ро ташкил дод. Ҳарорати ҳадди ақал 8 °C 8 январи соли 1946 ба қайд гирифта шудааст. Бориши баландтарин дар давоми 24 соат 24 августи соли 2000 ба қайд гирифта шудааст, ки 241,5 мм-ро ташкил дод.

Иқтисод вироиш

 
Кибер Тауэрс дар Ҳитек-Ситу, Ҳайдаробод

Ҳайдаробод яке аз марказҳои муҳимтарини саноат ва савдои Ҳиндустон мебошад. Саноати сабук (нассоҷӣ ва чармӣ), хӯрокворӣ, шиша, коғаз, тамоку ва дорусозӣ, мошинсозӣ (асосан роҳи оҳан, инчунин дастгоҳҳо ва таҷҳизоти вазнини барқӣ) тараққӣ кардаанд. Ҳунармандӣ, аз ҳунарҳои маҳаллӣ (истеҳсоли маҳсулоти санъати миллӣ, ашёи рӯзгор) маъмул аст. Ҳайдаробод маркази индустрияи компютерӣ мебошад ва бо Бангалор барои унвони пойтахти беҳтарини технологӣ рақобат мекунад. Ҳайдаробод инчунин яке аз марказҳои муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарроҳии саноати мудофиаи Ҳиндустон мебошад.

Нақлиёт вироиш

 
Фурудгоҳи Ҳайдаробод
 
Истгоҳи Сикандаробод

Фурудгоҳи Байналмилалии Ҳайдаробод ба номи Раҷив Гандӣ дар масофаи 22 км аз маркази шаҳр, дар наздикии Шамшобод ҷойгир аст. Ин шашумин фурудгоҳи кишвари Ҳиндустон мебошад [14]. Илова бар ин, Skytrax аз ҷиҳати фурӯш ба Сеул, Сингапур, Ҳонконг ва Пекин панҷумин фурудгоҳи беҳтарини ҷаҳон дониста шуд [15]. Парвозҳо ба чунин шаҳрҳо мисли Бангалор, Ченнаи, Деҳлӣ, Аҳмадобод, Мумбай, Пуна, Дубай, Абу-Даби, Калкутта, Ҷайпур, Лакхнау, Кочи, Маскат, Сингапур, Банорас, Бангкок ва ғайраҳо анҷом дода мешаванд. Фурудгоҳро бо шаҳр се роҳи асосии нақлиётӣ пайваст мекунанд.

Шаҳр дар аввал ба шабакаи роҳи оҳан дар соли 1870 пайваст шуд [16]. Бузургтарин истгоҳ дар Ҳайдаробод, Сикандаробод номида мешавад. Дар ин ҷо маркази роҳи оҳанҳои минтақаи ҷанубу марказии Ҳиндустон ҷойгир аст. Дигар истгоҳҳои бузурги дохили шаҳри Ҳайдаробод - Декан, Качигуда ва Бегумпет мебошанд[17].

Ҳайдаробод бо роҳҳои автомобилии миллӣ — NH-7, NH-9 ва NH-202 мепайвандад. Нақлиёти асосии ҷамъиятӣ автобусҳое мебошанд, ки қисматҳои Ҳайдарободро мепайванданд.

Фарҳанг вироиш

Ҷозибаҳои гардишгарӣ вироиш

Саноати синамо вироиш

Ҳайдаробод пойтахти яке аз се бузургтарин марказшои соҳаи саноати синамо дар Ҳиндустон - Толливуд (синамо ба забони телугу) аст [18][19]. Чанд километр дуртар аз шаҳр, бузургтарин студияи синамо Рамоҷӣ, воқеъ аст, ки ҳамчун бузургтарин студияи синамо дар дунё, дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт гардидааст [20]. Ҳамасола беш аз 1,5 миллион сайёҳон ба Рамоҷӣ ташриф меоранд [21][22].

Ҳайдаробод инчунин дорои кинотеатр бо экрани калонтарини IMAX 3D дар ҷаҳон мебошад [23].

Меъморӣ вироиш

 
Дарвозаи Ҳайдаробод, Чормунор

Шаҳр бо масҷиди бузурги Макка-Масҷид ( асри XVIII ), ки дар асоси масҷиди машҳури Макка сохта шудааст, ҷолиби диққат аст; дарвозаҳои тантанавии Чормунор ("чаҳор мунор"), ки баъзан "Арки тантанивии Шарқ" номида мешавад; биноҳои донишгоҳҳо (19181960), аз ҷумла бинои калонтарин - донишгоҳи Усмонӣ (1918) ва бинои Коллеҷи гуманитарӣ, ки бо услуби ҳинду-сарасинӣ сохта шудаанд; театр ( соли 1962 сохта шудааст); қасрҳои Чаумахалла ва Фалакнума[en]. Дар дохили шаҳри Ҳайдаробод қалъаи Голконда (асрҳои XVII - XVIII) бо якчанд мақбараҳо воқеъ аст. Истеҳкоми Голконда, ки дар теппаи баланд ҷойгир аст, бо системаи беназири обтаъминкунӣ ва намоишгоҳи чироғҳои барқӣ, ки ҳамарӯза бегоҳ (бо шарҳи забони англисӣ) баргузор мегардад, машҳур аст. На он қадар дур аз қалъа қабрҳои султонҳои сулолаи Кутубшоҳҳон, ки дар Голконда тақрибан 170 сол ҳукмронӣ карданд воқеъ аст. Ин як маҷмӯи биноҳоест, ки бо гунбазҳои мудаввари калон ва меъмории боҳашамат ҷолиби диққат аст, ва хоксортарин қабр ба асосгузори сулола Султон Кутуб-ул-мулк тааллуқ дорад, ки худи вай онро дар тӯли умри худ тарроҳӣ намуда сохтааст. Ин маҷмаа дар омезиши шаклу услубҳои меъмории ҳиндӣ, форсӣ ва патанӣ сохта шудааст [24][25].

Боғҳо ва осорхонаҳо вироиш

  • Осорхонаи Салар Ҷанг. Қисми зиёди коллексияҳои осорхонаро филантроп Мир Юсуф Алӣ Хон, ки бо номи Салар Ҷанги III машҳур аст, ҷамъоварӣ кардааст. Дар соли 1968, осорхона «як муассисаи дорои аҳамияти миллӣ» эълон карда шуд [26]. Қисми ҷудонашавандаи осорхона китобхонаи калон мебошад, ки дорои 8 ҳазор дастнавис ва 60 ҳазор китобҳои чопӣ бо забонҳои урду, арабӣ, форсӣ, санскрит, телугу, ҳиндӣ, англисӣ ва ғайра мебошад. Онҳо мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегиранд [27]. Осорхона коллексияҳои ашёи биринҷии Ҳиндустони Ҷанубӣ, ҳайкалтарошӣ ва бофандагии кишвар, миниатюраҳои Ҳиндустон, устухони фил, силоҳро дар бар мегирад; толорҳои санъати Миср, Сурия, Чин ва Ҷопон, маҷмӯи мусаввараҳои аврупоӣ, шиша ва мебел низ гузошта шудааст; Осорхона инчунин бо коллексияи бойи қолинҳои форсӣ машҳур аст, ки қариб ҳамаи намунаҳои нақшгузории машҳури Эронро муаррифӣ мекунад [28].
  • Осорхонаи бостоншиносӣ (бино бо услуби ҳинду-сарасинӣ сохта шудааст). Дар осорхона маҷмӯи муҷассамаҳо аз даврони буддоӣ, аз давраи сулолаҳои Чалукия ва Виҷаянагар, инчунин мумияҳои мисрӣ, ки ба ҳокими ҳафтуми Ҳайдаробод Мир Усмон Алӣ Хон туҳфа шудаанд, иборат аст [29].

Дар шаҳр шумораи зиёди боғҳо мавҷуданд:

  • Боғи ҳайвонот, бузургтарин дар Ҳиндустон ва дар Осиёи Ҷанубӣ [19].
  • Боғи Миллӣ - Махавир Ҳарина Ванастали, 15 км дуртар аз Ҳайдаробод воқеъ аст.
  • Боғи ботаникӣ, ки дар он зиёда аз 600 навъҳои рустаниҳои шифобахш ва ороишӣ, навъҳои арзишманд ва дарахтони мева ҷамъоварӣ карда шудаанд [30].

Маориф вироиш

Шаҳр дорои 11 донишгоҳ: 3 донишгоҳи марказӣ, 2 донишгоҳи классикии «Deemed University» ва 6 донишгоҳи давлатӣ аст [19].

Машҳуртарин аз донишгоҳҳо, Донишгоҳи Усмонист, ки яке аз ҳафт донишгоҳҳои қадимаи олии кишвар аст ва иборат аз 10 факулта, 52 кафедра ва 500 коллеҷ ва кампусҳо аст; дастрас барои тамоми сатҳҳо ва дараҷаи таҳсилотӣ; аз дипломи мутахассис то баъди хатми уновони доктурӣ [19][31].

Инчунин, 26 институтҳои калон фаъолият доранд.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 telangana-history-formation-of-hyderabad-state-1948-1956
  2. 2.0 2.1 About Hyderabad
  3. 3.0 3.1 Urdu is second official language nowThe Hindu.
  4. 4.0 4.1 4.2 About Hyderabad India:
  5. 5.0 5.1 5.2 http://www.demographia.com/db-worldua.pdf
  6. Time Zone in Hyderabad, Telangana, India
  7. Карта Индии, Непала. ГУГК СССР, 1990.
  8. Атлас: экономическая и социальная география мира. — ФГУП "ПКО «Картография», 2003.
  9. Атлас мира. — ФГУП "ПКО «Картография», 1997.
  10. В Индии появился новый штат, ставший по счету 29-м
  11. Cities having population 1 lakh and above. censusindia. The Registrar General & Census Commissioner, India. 17 октябри 2011 санҷида шуд.
  12. Hyderabad (Greater Hyderabad) City. Government of India. 18 феврали 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2012.
  13. Demography, Economy and Land Use Pattern. Jawaharlal Nehru National Urban Renewal Mission. 19 феврали 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2012.
  14. Delhi's new airstrip, touted India's longest, is just seventh. Thaindian News (25 October 2008). 17 май 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2012.
  15. Hyderabad airport adjudged amongst top five in world, The Hindu (17 February 2010). Проверено 17 феврали 2010.
  16. HH the Nizam's Railway, Poosapally gorge.. The British Library. 8 октябри 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2012.
  17. History. src.indianrailways.gov. 12 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2012.
  18. Hyderabad Film Industry (Tollywood). Hyderabad, Andhra Pradesh, India.
  19. 19.0 19.1 19.2 19.3 About Hyderabad, Bharat.
  20. Largest film studio. Official Site of Guinness World Records.
  21. Gautam, Manish. Ramoji film city, SlideShare (26 апрели 2011).
  22. ХАЙДАРАБАД. Большая российская энциклопедия - электронная версия. 12 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 октябри 2018.
  23. 10 of the world's most enjoyable movie theaters. CNN Travel (21 апрели 2013).
  24. Патханы, или патаны — индоарийское название пуштунов
  25. Qutub Shahi Tombs. Hyderabad, Andhra Pradesh, India.
  26. SJM to dig out artifacts’ facts from state archives, at last(англ.). The Times of India (21 October 2011). 12 октябри 2015 санҷида шуд.
  27. Library. Official cite of Salarjung Museum. 12 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 августи 2017.
  28. Galleries. Official cite of Salarjung Museum. 12 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2017.
  29. AP State Museum. Hyderabad, Andhra Pradesh, India.
  30. Botanical Garden. Hyderabad, Andhra Pradesh, India.
  31. Osmania University. Hyderabad, Andhra Pradesh, India.