Ҳаким Маҳмудов (14.06.1932, деҳаи Талбари ноҳияи Ховалинги вил. Хатлон — 1996, Душанбе) — навозандаи мумтоз (ғижак, думбура), оҳангсози тоҷик. мутриби Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1975).

Ҳаким Маҳмудов
Ҳаким Маҳмудов
Таърихи таваллуд 14 июн 1932(1932-06-14)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг
Таърихи даргузашт 1996(1996)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) мутриб
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1975).

Зиндагинома вироиш

Ҳаким Маҳмудов солҳои 1950—1951 дар Театри драмавӣ-мусиқии ш. Кӯлоб, солҳои 1951—1960 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва 1960—1974 дар Кумитаи давлатии оид ба телевизион ва радиошунавонӣ кор кардааст. Дар як вақт (1953—1957) дар омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ғижакнавозиро аз композитор Хайрулло Абдуллоев омӯхтааст. Аз соли 1978 то охири умр навозандаи ансамбли ҳофизони мақомхони Кумитаи давлатии оид ба телевизион ва радиошунавонӣ фаъолият дошт. Маҳмудов аз соли 1975 инчунин дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи мусиқии анъанавӣ фаъолият намудаст.[1]

Эҷодиёт вироиш

Маҳмудов яке аз навозандагони мумтози сози думбура буда, онро ҳамчун сози якканавозӣ дар ҷумҳурӣ машҳур намуд. Маҳмудов барои думбура бо ҳамовозии ансамбли созҳои халқӣ як миқдор наво офаридааст, ки «Сезарб», «Баҳори кӯҳистон», «Машқи ҷавонӣ», «Қақраи кабк» ва ғ. аз қабили онҳост. Сурудҳои ӯ «Боғчаро бин, сабза дорад», «Гул кун ба бахти мо Ватан», «Дар саҳни чаман», «Деҳқонбача», «Доғи дил», «Чашми адаб» ва ғ. аз тарафи ҳофизон иҷро шуда, дар фонди радио сабт шудаанд. Маҳмудов силсилаи навоҳои халқиро бо думбура сабт намудааст, ки дар хазинаи радио маҳфузанд («Фалаки даштӣ», «Роғӣ», «Ғарибӣ», «Нозанин», «Рози дил», «Дарди гул», «Баҳор омад», «Нигор» ва ғайра). Маҳмудов аз соли 1975 инчунин дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи мусиқии анъанавӣ фаъолият намуда, як зумра ҳофизонро думбура омӯхтааст. (М. Сафиева, З. Нурова, М. Шарифова ва диг.). Ба як қатор мамлакатҳои хориҷӣ: Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон, Ҷопон сафари ҳунарӣ кардааст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.226. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)