Ҳамдам Мӯъминҷонов

Ҳамдам Ҳомидович Мӯъминҷонов (21.08.1942, шаҳри Конибодом ) — файласуф, доктори илмҳои фалсафа (2000), профессор (2003)

Ҳамдам Мӯъминҷонов
Ҳамдам Ҳомидович Мӯъминҷонов
Таърихи таваллуд 21 август 1942(1942-08-21)
Зодгоҳ Конибодом , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2008(2008)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Вазорати маорифи Тоҷикистон, Сафоратхонаи СССР дар Афғонистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо медали «Барои меҳнати шоён»

Зиндагинома вироиш

Соли 1965 шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро ба итмом расонда, чанде дар н. Турсунзода муаллимӣ кардааст. Солҳои 1966-1967 аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1968-1970 мутарҷим дар Афғонистон, 1971-1978 муҳаррири телевизиони тоҷик, 1978-1982 корманди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, 1983-1985 мудири шуъбаи Бойгонии давлатии ҷумҳурӣ, 1985-1988 корманди Сафоратхонаи СССР дар Афғонистон, 1988-2002 муаллим ва дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 то даргузашташ профессори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон буд.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Оид ба фалсафаи «Авесто», ойини зардуштӣ, ахлоқ дар он даврон зиёда аз ҳаштод асару мақола ба табъ расондааст. Дар асараш "Тӯрон - гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. - Душанбе, 2004" бори аввал дар бораи ойини зардуштӣ, таърихи тамаддуни ориёӣ ва шоҳону қаҳрамонҳои ниёкони халқи тоҷик маълумоти саҳеҳи илмӣ аз рӯи дастхатҳои Авесто овардааст.

Осор вироиш

  • Проблемаҳои ахлоқ ва фалсафа дар «Авасто». – Д., 1996;
  • Философское и этическое учение зороастризма. – Д., 1996;
  • Зардушт ва оини ӯ. Қисми І. – Д., 1993; Қисми ІІ. – Д., 1997;
  • Философские проблемы зороастризма. – Д. 2000;
  • Тӯрон - гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. - Душанбе, 2004.[1]

Ҷоизаҳо вироиш

  • Бо медали «Барои меҳнати шоён» қадр гардидааст.

Эзоҳ вироиш

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С.63.