Ҳаракат (дар ҳуқуқ) — ин рафтори фаъолона и шахс мебошад. Он намуди аз ҳама паҳнгардидаи кирдори барои ҷамъият хавфнок аст. Аксарияти ҷиноятҳои дар қисми махсуси КҶ ҶТ пешбинишуда танҳо тавассути ҳаракат содир мешаванд. Ҳаракат бояд аз рӯи ирода, бошуурона ва мақсаднок бошад. Ҳаракат ҳамчун рафтори фаъолонаи шахс дар ҷунбонидани бадан зоҳир мегардад. Ҳаракат баданҷунбонии мақсаднок ва бошууронаи шахс мебошад. Ғайр аз ин, мафҳуми ҳаракат инчунин ҷунбонидани забон ва баровардани овозро низ дарбар мегирад, масалан, дар ҷиноятҳои туҳмат, таҳқир ва ғ. Истифодаи қувваҳои табий, ҳаракати механизмҳои гуногун ва г. низ ба мазмуни ҳаракат дохил мешаванд, агар шахс ин қувва ва механизмҳоро вобаста ба мақсади худ истифода бурда тавонад. Ҳаракат ду хел мешавад:

  1. ҳаракати одӣ, ки танҳо аз як баданҷунбонӣ иборат аст (задан-расонидани зарари ҷисмонӣ, ишора-тахқир ва ғайра).
  2. ҳаракати мураккаб, ки аз маҷмӯи баданҷунбонӣ ё фаъолият иборат аст (сохтакории ҳуҷҷатҳо ҳангоми қаллобй ва ғ) [1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 506