Ҳафиз Холиқзода (Бобоёров Ҳафиз Холиқович; тав. 10 ноябри 1974, деҳаи Зуман, ноҳияи Варзоб) — ҷомеашинос, файласуф, доктори фалсафа (PhD) оид ба масъалаҳои рушд (2011) ва дорандаи Ҷоизаи АИ ҶТ барои олимони ҷавон (2014).

Ҳафиз Холиқзода
Бобоёров Ҳафиз Холиқович
Таърихи таваллуд 10 ноябр 1974(1974-11-10) (49 сол)
Зодгоҳ деҳаи Зуман, ноҳияи Варзоб
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа ва ҷомеашиносӣ
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Бонн (Олмон)
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Ҳафиз Холиқзода 10 ноябри соли 1974 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Солҳои 19921997 дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 19982001 дар риштаи аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба омӯзиши фалсафа пардохтааст. Дар давоми солҳои 2006—2011, дар факултети фалсафаи Донишгоҳи шаҳри Бонни Ҷумҳури Федеративии Олмон таҳсил намуда, соли 2011 рисолаи доктории худро дар ҳамон ҷой дифоъ кардааст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Ҳафиз Холиқзода пас аз таҳсили аспирантура дар шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кори илмию тадқиқотӣ машғул гардидааст. Аз соли 2014 то моҳи майи соли 2015 роҳбарии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТро ба уҳда дошт. Соли 2016 бошад, сармуҳаррири Маҷаллаи академии илмӣ-оммавии «Илм ва ҷомеа» буд.

Холиқзода Ҳ. забонҳи русӣ, инглисӣ ва форсиро хуб медонад ва ба ин забонҳо эҷод менамояд.

Сафарҳои хориҷа вироиш

Барои омӯзиш ва пажӯҳиши масоили мухталифи фалсафа ва ҷомеа ба кишварҳои Олмон, ИМА, Эрон, Афғонистон, Швейтсария ва ғайраҳо сафарҳои илмӣ анҷом додааст.

Осор вироиш

  • Методологияи бехатарии вуҷудӣ: Мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб. — Душанбе: Дониш, 2015. — 355 с. ISBN 978-99975-44-28-5

Сарчашма вироиш

  • Ҷаҳонбинии оянда ва бархурди андешаҳо. / Мураттибон: Номвар Қурбон, Фирдавс Ниёзӣ. — Душанбе: Дониш, 2015. — 701 с. ISBN 978-99947-821-3-0
  • Файласуфи зиндагӣ./ Мураттибон: Номвар Қурбон, Абдуламини Маҷнун. — Душанбе: Дониш, 2015. — 84 с.