Ҳойку (ҷопонӣ: 俳句) — кӯтоҳтарин гунаи шеърӣ дар ҷаҳон аст, ки нахустин офаринандаҳои он жопуниҳо ҳастанд.

Он чи ба унвонии ашъори ҳойку мешиносем, дар ҳақиқат, се банди оғозини (ҳукку) ашъори занҷираӣ (ренго) бо мазмунҳои танзомез (сабки ҳойкой) аст, ки дар қарни ҳабдаҳум ба қолабе мустақил дар шеъри Жопун табдил шуд. Ин қолаб, нахуст ҳукку ё ҳойкой хонда мешуд, аммо Мосоуко Шикӣ (1802–1868) дар қарни нуздаҳум номи ҳойку бар он ниҳод.

Ҳойку дар Тоҷикистон вироиш

Ҳойку дар Тоҷикистон гунаи шеърии роиҷе нест ва ягона шоъири ҳойкунависи тоҷик Бахтиёр Аминӣ мебошад.

Чанд намунае аз ҳойку вироиш

танҳо замоне кӯтоҳ канори ҳам будем
ва фаҳмидем ки ишқ
ҳазорон сол мепояд!

Аҳмади Шомлу

солрӯзи издивоҷ
кӯдак худро меҷӯяд
да олбуми арӯсӣ

Бахтиёр Аминӣ

гулзор
пиёда мешавам
на дар истгоҳи худам

Бахтиёр Аминӣ

Эзоҳ вироиш